Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ШОУ Ҷорҷ Бернард

ШОУ Ҷорҷ Бернард

shaw-j-b

ШОУ (Shaw) Ҷорҷ Бернард (26. 7.1856, Дублин—2. 11. 1950, Эпот-СентЛоренс), нависандаи англис. Аслан ирландист. Яке аз муассисони ҷамъияти Фабиан. Муаллифи романҳои «Социалисти ҳаваскор», «Никоҳи беақлона» ва ғ. мебошад. Роҷеъ ба масъалаҳои мусиқӣ ва театр мақолаҳо дорад. Силсилаи «Пьесаҳои дилписанд» ва «Се пьеса барои пуритан»-ро навиштааст. Жанри пьеса-мубоҳисаро такмил дода, дар он масъалаҳои муҳими иҷтимоиро ба миён гузоштааст. Ш. дар аксари драмаҳояш нуқсонҳои ҷамъияти буржуазии англисро зери танқид гирифтааст. Мазҳакаҳои «Майор Барбара» (1905), «Пигмалион» (1913; тарҷ. тоҷ. порча аз пьеса, 1956) ва ғ., ки пеш аз ҷанги якуми ҷаҳонӣ навишта шудаанд, ҷолиби диққатанд. Пьесаи «Хонае, ки дилҳо пора мешаванд» (1913—19), ки дар таъсири А. П. Чехов навишта шудааст, руҳи баланди иҷтимоӣ дорад. Ш. устоди мазҳака буд. Халқҳои СССР Ш.-ро чун дуст ва хайрхоҳи худ мешинохтаанд. У с. 1931 ба Иттифоқи Советӣ омада буд. Лауреати Мукофоти Нобелӣ  (1925).

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …