Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / ШАҲРИСТОН

ШАҲРИСТОН

ШАҲРИСТОН, дар асрҳои миёна аз чор як қисми шаҳрҳои Осиёи Миёна, ки бо деворҳои муҳофизавӣ, иҳота карда мешуд. Дар Шаҳристон ба ҷуз шоҳ (вай дар куҳандиз зиндагӣ менамуд) дигар ҳамаи табақаҳои ҷамъиятӣ мезистанд. Шаҳристон ҳамчун қисми асосии шаҳр дар Бохтар, Суғд ва Марв дар ҳазораи 3 то м. буньёд шудааст. Дар замонҳои қадим дар ҳудуди Шаҳристон бо боғдорию зироаткорӣ низ машғул мешуданд. Шаҳристон аз маҳаллаҳо иборат буд, ки ҳар яки онҳо биноҳои маъмурӣ, ҷамъиятӣ, ибодатхона ва бозорчаҳои тимдор доштанд. Маркази умумӣ ва ҷои ҷамъиятии Шаҳрисабз регистон дар сари Чорсу буд. Дар ин қисматҳои Шаҳрисабз вазорат, қабиристон ва ибодатгоҳҳои калои ҷойгирифта, шаҳриён ҷашну маросимҳои калон мегузарониданд. Маъхазҳои а-ҳои 9—10 шаҳодат медиҳанд, ки Самарқанд Шаҳрисабзи дохилӣ ва берунӣ дошт. Шаҳрисабзи дохилӣ ҳамчун қисми кадимтарини шаҳр бо девору дарвозаи алоҳида ҷудо мешуд. Шаҳрисабзи берунӣ дар авв. асрҳои миёна буньёд шуда, дар аҳди Сомониён ру ба тараққӣ ниҳод. Як замонҳо онро шаҳри беруна ё работ меҳисобиданд, зеро вай берун аз девори мудофиавии Шаҳрисабз буньёд гардида буд. Баъди дар атрофаш деворҳои муҳофизавӣ ва дарвозаҳо сохтан онро Шаҳрисабзи берунӣ меномидагӣ шуданд. Аксарияти шаҳрҳои Осиёи Миёна дар асрҳои миёна Шаҳрисабзҳои дохилӣ, берунӣ ва навин доштанд. Шаҳрисабҳо ободу хушманзар буда, ҳавз, сардеба, чорбор, бӯстону чаманзорҳо доштанд. Кучаи Шаҳрисабзҳои калон сангфарш буда, дар а-ҳои 10—11 бо хишти пухта пушида мешуд. Дар Самарқанд барои пиёдагардон роҳи зеризаминӣ сохта буданд. Аксари биноҳои Шаҳрисабз ду-сеошьёна, пешайвондор, гунбаздор (баъзеашон нимгунбазӣ), як қисми ин иморатҳо равобандӣ шуда буданд.

Ад.: Белеинцкий А. М. [ва диг.]. Средневековый город Средней Азии, Л., 1973.    Ю. Ёқубов.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …