Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри Омск

Шаҳри Омск

Омск, шаҳр, маркази вилояти Омски Республикаи Советии Федеративии Сотсиалисти Россия. Дар назди андароби дарёҳои Ом ва Иртиш воқеъ гардидааст. Бандари калони дарёи Иртиш ва узели роҳи оҳан дар магистрали Транссибир. Аэропорт дорад. Аҳолиаш 1014 ҳазор нафар (1979). Аз ҷиҳати шумораи аҳолӣ ва масоҳат Омск (баъд аз Ново­сибирск) шаҳри дуюми Сибир аст.

Дар солҳои сохтмони сотсиалистӣ Омск ба калонтарин маркази саноатии Сибир табдил ёфт. Соҳаҳои асосии саноат: мошинсозӣ, истеҳсоли маҳсулоти нефт, химия, инчунин саноати сабук ва хӯрокворӣ. 3аводҳо моторҳои гуногун, қисмҳои трактору автомобил, мошинҳои хоҷагии қишлоқ, асбобҳои электрӣ, барои саноати сабук ва хӯрокворӣ таҷҳизот истеҳсол меку­нанд. Оид ба соҳаи химия низ корхонаҳои мошинсозӣ махсус гардонида шудаанд. Комбинати  калони коркарди нефт мавҷуд аст.

Саноати химияро заводҳои шина, каучуки синтезӣ, хи­мия, .маснуоти дудаю резини техни­кӣ ташкил медиҳанд; дар асоси ис­теҳсоли маҳсулоти нефт соҳаи нефту химия инктишоф меёбад. 3-ддои таъмири кшптй, чубгарй ва аппара­турам газ низ мавҷуданд. Саноати сабук (чармгарӣ, корхонаҳои бофандагӣ, пойафзолдӯзӣ, фабркаҳои дӯзандагӣ, моҳут, мебел, қолинбофӣ), хӯрокворӣ (комбинатҳои гӯшт, орд ва ғайра) ва саноати масолеҳи бинокорӣ (заводҳои хишт ва маснуоти оҳану бетонӣ) ривоҷ ёфтааст.

Омск 4 стансияи электрӣ дорад. То соли 1973 биноҳои нави шаҳр бештар дар соҳили рости дарёи Иртиш сохта мешуданд. Мувофиқи плани генералӣ обод намудани соҳили чапи дарёи Иртиш пешбинӣ шудааст. Дар Омск аз бинодҳои мӯҳташами пешазреволютсионӣ театри драма (1901—05), хонаи комиҷроияи вилоятӣ (1914—17), аз биноҳои замони ҳозира Хонаи маданиятн нефтчиён (1960—62), вокзали дарёӣ (1961— 63), зали киноконсертӣ (1965—67), театри ‘тамошобини ҷавон сохта шу­даанд.

Дар шаҳр 9 мактаби олӣ (Университети Омск, институтҳои тиббӣ, хоҷагии қишлоқ, политехникӣ, ветеринарӣ, педагогӣ, тарбияи ҷисмонӣ ва ғайра), 29 мактаби миёнаи махсус, институтҳои тадқиқоти илмӣ (аз чумла Институти тадқиқоти илмии хоҷагии қишлоқи Сибир); 4 театр (драма, мазҳакаи мусиқӣ, театри тамошобини ҷавон ва лӯхтак), 2 музеи кишваршиносӣ ва санъати тасвирӣ мавчуданд.

Омск соли 1716 ҳамчун қалъа бунёд ёфтааст. Аз соли 1782 — шаҳр. Аз соли 1934 Омск маркази вилоят гардид. Шаҳр бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат мукофотонида шудааст (1971). Омск— зодгоҳи В. В. Куйбышев.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …