Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри Нишопур

Шаҳри Нишопур

Нишопур шаҳрест дар шимолу шарқи Эрон, дар остони (вилояти) Хуросон. Аҳолиаш 35 ҳазор нафар (1971). Ба воситаи роҳи оҳан ва роҳҳои автомобилгард бо Теҳрону Машҳад алоқаманд аст. Маркази ноҳияи зироат (пахта, растаниҳои равғандеҳ), боғу токзор ва чорво. Саноати хӯрокворӣ ва чарм дорад. Дар наздикии ( Нишопур кони фирӯза ҳаст.

Нишопур дар миёнаҳои асри 3 бунёд ёфтааст. Номи «Нишопур»-ро бо номи шоҳи сосониён Шопури I алоқаманд медонанд. Шаҳр дар миёнаҳои аари 7 аз тарафи арабҳо истило шуд. Дар асри 9 пойтахти давлати тоҳириён, дар асри 10 дар аҳди Сомониён маркази вилояти Хуросон буд. Асрҳои 9—12 маркази калони иқтисодии Шарқи Миёна, асрҳои 11—12 яке аз қароргоҳҳои Салҷуқиён. Соли 1153 онро оғузҳо вайрон карданд. Соли 1221 қисми зиёди аҳолиашро муғулҳо қатл намуданд. Асрҳои 14—15 шаҳр аз нав бунёд шуд, вале аз асри 16 cap карда боз рӯ ба таназзул ниҳод. Пас аз ҳуҷуми ғилҷонҳо (1722) ба шаҳри хурд табдил ёфт. Дар Нишопур Умари Хай­ём ва Фаридуддини Аттор зиндаги ва эҷод кардаанд. Оромгоҳи онҳо дар наздикии Нишопур воқеъ гаштааст. Соли 1963 дар болои оромгоҳи Умари Хай­ём мақбара сохта шуд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …