Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Шахри Нишопур

Шахри Нишопур

Нишопур шахрест дар шимолу шарки Эрон, дар остони (вилояти) Хуросон. Ахолиаш 35 хазор нафар (1971). Ба воситаи рохи охан ва роххои автомобилгард бо Техрону Машхад алокаманд аст. Маркази нохияи зироат (пахта, растанихои равгандех), богу токзор ва чорво. Саноати хуроквори ва чарм дорад. Дар наздикии ( Нишопур кони фируза хаст.

Нишопур дар миёнахои асри 3 бунёд ёфтааст. Номи «Нишопур»-ро бо номи шохи сосониён Шопури I алокаманд медонанд. Шахр дар миёнахои аари 7 аз тарафи арабхо истило шуд. Дар асри 9 пойтахти давлати тохириён, дар асри 10 дар ахди Сомониён маркази вилояти Хуросон буд. Асрхои 9—12 маркази калони иктисодии Шарки Миёна, асрхои 11—12 яке аз кароргоххои Салчукиён. Соли 1153 онро огузхо вайрон карданд. Соли 1221 кисми зиёди ахолиашро мугулхо катл намуданд. Асрхои 14—15 шахр аз нав бунёд шуд, вале аз асри 16 cap карда боз ру ба таназзул ниход. Пас аз хучуми гилчонхо (1722) ба шахри хурд табдил ёфт. Дар Нишопур Умари Хай­ём ва Фаридуддини Аттор зиндаги ва эчод кардаанд. Оромгохи онхо дар наздикии Нишопур вокеъ гаштааст. Соли 1963 дар болои оромгохи Умари Хай­ём макбара сохта шуд.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …