Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳраки ШАҲРТУЗ

Шаҳраки ШАҲРТУЗ

ШАҲРТУЗ, посёлкаи типи шаҳрист (аз 28 нояб. 1938), маркази маъмурии p-ни Шаҳртузи вил. Қурғонтеппа. Дар доманаи ҷан. шарқии к. Ариқтоғ ва соҳили рости д. Кофарниҳон воқеъ гаштааст. Аэ Шаҳртуз то маркази вилоят — ш. Қурғонтеппа 112 км, то ш. Душанбе 195 км, Ст. р. о. дар хатти р. о. Тирмиз — Қурғонтеппа. Аэропорт дорад. Аҳолиаш 11,7 ҳаз. наф. (1986). Дар птш з-ди пахтатозакунӣ, цехи нонпазӣ, комб-и хизмати маишӣ мавҷуданд.

shahrtuz_district

Омӯзишгоҳи касбҳои техникӣ, омузишгоҳҳои тиббӣ, педагогӣ, 2 мактаби миёна, мактаби мусиқӣ, хонаи пионерон, китобхона, хонаи маданият, 2 кинотеатр, касалхона, поликлиника, 4 пункти тиббӣ, дорухона, ст. санитарию эпидемиологӣ, муассисаҳои хоҷагии коммуналӣ, 4 боғча-яслии куда кон, ресторан, универмаг, 20 магазини хурокворӣ ва молҳои саноатӣ, 13 ошхона ва 9 чойхона дорад. 8 км дуртар аз маркази район дар ҳудуди к-зи ба номи М. В. Ломоносов мақбараи Хоҷа Машҳад (а-ҳои 9—11) боқӣ мондааст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …