Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри РИМ

Шаҳри РИМ

РИМ, пойтахти Италия маркази сиёсӣ, маданӣ ва иқтисо- дии мамлакат. Яке аз шаҳрҳои атиқаи аз ҷиҳати ёдгориҳои таърихӣ ва маданӣ бойтарини ҷаҳон аст. Онро «шаҳри ҷовид» ҳам меноманд. Маркази маъмурии музофоти Рим ва вилояти Ласио. Дар ҳудуди Рим шаҳр— давлати Ватикан ҷой гирифтааст. Рим дар ҳамвории теппадори пайдоишаш вулқонӣ, дар ду тарафи дарёи Тибр, дар назди резишгоҳи он ба баҳри Тиррен ҷой гирифтааст. Баландтарин ҷои шаҳр — Марио (139 метр). Иқлимаш баҳримиёназаминӣ; ҳарорати январ 6,8°Селсия, июл 25,8°Селсия; боришоти солона — 508 миллиметр. Оби дарёю кӯлҳои кӯҳӣ аз замонҳои қадим то имрӯз ба воситаи акведукҳо (новаҳо) ба шаҳр ҷорӣ мешавад. Оби дарёи Тибрро аз сабаби ниҳоят ифлос буданаш наменӯшанд. Масоҳати худи шаҳр 208,7 километр2, бо атрофаш 1507 километра. Сохти маъмурии Рим мураккаб аст; қисми маркази он 22 район, территорияие, ки маркази таъриҳии шаҳрро иҳота кардааст 35 маҳалла, минтақаи аз шаҳр беруни он 6 воҳиди маъмурӣ дорад. Рим сераҳолитарин шаҳри Италия аст: 2,9 миллион нафар. (1982), бо атрофаш 3,8 миллион нафар.

it010
Идораи шаҳр ба зиммаи совете (аҳолӣ ба мӯҳлати 5 сол ин- тихоб мекунад), ки 80 аъзо дорад, гузошта шудааст. Совет оид ба бю- ҷет, нақлиёт, хизматрасонии коммуналӣ ва ғайра қарор қабул мекунад. Совет аз ҳайати худ мэр (садр)-и шаҳр (синдик) ва комитети иҷроия (ҷунту)-ро интихоб менамояд. Мэр дар айни замон намояндаи ҳукумат мебошад. Ба фаъолияти маъмурияти шаҳр префекти музофоти Рим ва ҷунтуи маъмурии музофот назорат мекунад.
Очерки таърихӣ. Ба Рим номи яке аз асосгузорони афсонавии шаҳр — Ромул дода шудааст. Бино ба ривояти қадима Рим солҳои 754—753 то милод бунёд шудааст. Шаҳр-давлат (полис)-и хурди Рим аввал нимҷазираи Апеннин, баъдтар территорияи калони атрофи онро ба тасарруфаш дароварда, тадриҷан ба пойтахти давлати пуриқтидори Рими Қадим табдил ёфт. Рим шаҳр дар ин ҷо бисёр воқеаҳои муҳими сиёсӣ рӯй доданд. Рими атиқа шаҳри бузурги қадима (мувофиқи ҳисоби имрӯза Рим дар давраи империя буданаш аз 600 ҳазор то 2 миллион аҳолӣ дошт) бо маъбадҳо, қасрҳо, новаҳои обгузари нодир ва бо роҳҳояш шӯҳрат пайдо кардааст. Таназзули империя (асри 3) ба нуфузу эътибори шаҳр бетаъсир намонд. Баъди он ки Константини 1 пойтахти империяро ба Қустантания кӯчонд (330) Рим ҳамчун маркази сиёсӣ мавқеашро аз даст дод. Дар миёнаи асри 5 пойтахти Империяи Ғарбии Рим Равенна шуд. Варварҳо Римро хеле хароб карданд («шаҳри ҷовид»-ро вестготҳои Аларихи 1 соли 410, вандалҳо соли 445 забт ва ба хок яксон карданд). Шаҳр махсусан дар рафти ҷанги бардавоми байни Византия ва остготҳо (соли 535 сар шуд) борҳо аа даст ба даст гузашта, зарари калон дид; соли 547 аҳолии шаҳр ба дигар маҳалҳо кӯчид. Дар натиҷа аҳолии он камшуд (дар асри 6 то 30—40 ҳазор нафар), хоҷагӣ рӯ ба танаазул ниҳод. Рим аз соли 552 ба тасарруфи Византия даромад.
Дар солҳое, ки лангобардҳо дар нимҷазираи Апеннин ҳукмрон буданд (568— миёнаи асри 8), Рим дар тасарруфи Византия бошад ҳам, шаҳрро дар амал епископҳо—папаҳои Рим идора мекарданд. Дар натиҷаи кӯшиши зиёди папаҳо Рим аз Византия ҷудо ва мустақил шуд (асри 8). Рим аз соли 756 пойтахти Вилояти Папа гардид.
Дар ин давра Рим ҳамчун маркази динию сиёсии Европаи Ғарбӣ эътибор пайдо кард. Соли 800 папа Леви 111 Карли Кабирро императори Рим эълон намуд. Дар тӯли асрҳои миёна дар байни папаҳо ва императорҳои «Империяи Рими муқаддас» барои ба даст овардани Рим мубориза мерафт, ғайр аз ин барои ба сари ҳокимият омадан ашрофони мухталиф ҳам байни худ талош доштанд. Дар асрҳои 11—12 шаҳр хусусиятҳон хоси замони феодалиро дар худ таҷассум намуд; аъёну ашроф дар ҷои харобаҳои атиқа кӯшкҳои хусусӣ сохтанд, сохтмони калисо авҷ гирифт. Дар асри 11 корхонаҳои хурди косибӣ пайдо шуданд, вале назар ба дигар шаҳрҳои иқтисодиёташон пешқадами Италия косибӣ ва тиҷорат суст тараққӣ мекард. Тоҷирону косибон аз зулму истибдоди ҳокимияти папа ва ҷангҳои байнихудии феодалҳо дар азобу шиканҷа буданд. Онҳо аз асри 12 ба муқобили ҳокимияти мустабид ва ба тарафдории коммуна дар Рим фаъолона мубориза бурданд. Дар натиҷаи шӯриши соли 1143 Рим республика эълон карда шуд. Дар ин давра шакли республикавии идоракунӣ (коммуна) танҳо ба ном вуҷуд дошт, чун- ки папа Иннокентии III (1198—1216) худидоракунии шаҳри Римро дар амал барбод дода буд. Рим дар асрҳои миёна дар ҷаҳон ҳамчун мар- кази дини католикӣ шӯҳрати калон пайдо кард. Соли 1309 қароргоҳи папаро ба Авиноп кӯчониданд. Дар натиҷа таъсири ҳокимияти папа ба шаҳр суст ва мавқеи табақаҳои тоҷирону косибон мустаҳкам шуд. Аҳолии шаҳр барои маҳдуд кардани имтиёзҳои аъёну ашроф боз ба мубориза бархост. Соли 1377 папаҳо ба Рим баргаштанд ва ниҳоят ҳукмронии онҳо дар ахди Сиксти IV (1471—84) пурра барқарор гардид. Дар миёнаи асри 15 ва аввали асри 16 Рим ба маркази муҳими давраи Эҳё табдил ёфт. Дар ин давра як зумра гуманистон, рассомон, меъморон (Поҷо Браччолини, Л. Б. Алберти, Рафаэл, Микеланҷело ва дигар) шоҳасарҳо эҷод мекарданд. Папаҳо Николаи V (1447—55), Пийи II (1458 —64), Юлйин II (1506—13) онҳоро ба дарбори худ ҷалб карда буданд. Дар давраи ҷангҳои Италия (1494-— 1559) лашкари император Карли V Римро забт кард (маи 1527). Дар асри 17 иқтисодиёти шаҳр рӯ ба таназзул ниҳод. Вале дар натиҷаи Контр- реформасия мақоми он ҳамчун маркази дин боз ҳам баланд шуд. Феврали 4798 Римро армияи Деректорияи Франсия забт намуд. Соли 1808 дар рафти ҷангҳои Наполеон шаҳрро қӯшунҳои Франсия забт карданд. Соли 1809 ҳукумати мустабиди папа Пийи VII барҳам хӯрд ва Рим 6а Франмияи наполеонӣ ҳамроҳ карда шуд. Дар давраи Револютсияи 1848— 49-и Италия Рим ба арсаи воқеаҳои револютсионӣ табдил ёфт; 9 феврали 1849 Рим республика эълон шуд. Солҳои 50—60 асри 19 қувваҳои иртиҷоии байналхалқӣ ва пеш аз ҳама, интервентҳои Франсия Республикаи Римро барҳам доданд. Ҳокимияти папа танҳо ба туфайли дар ин ҷо вуҷуд доштани гарнизони ҳарбии Франсия (аз соли 1849) нигоҳ дошта мешуд. Кӯшишҳои отрядҳои Ҷ. Гарибалди барои озодкунии Рим (солҳои 1862 ва 1867) муваффақият пайдо накарданд. Баъди он ки франсавиҳо соли 1670 гарнизони ҳарбиашонро бароварданд (шикасти армияи франса- виҳо дар назди Седан ба он сабаб шуд), ҳокимияти мустабиди папа- ро барҳам доданд. 20 сентсбри 1870 қӯшунҳои шоҳии Италия ба шаҳр даромаданд ва баъди референдуми 2 октябри 1870 Рим ба Италия ҳамроҳ карда шуд. 26 январи 1871 Рим бо тантана пойтахти шоҳии Италия эълон гардид, ки ин аз ташкили давлати миллии Италия далолат мекард. Баъди пойтахти Италия шудани Рим аҳолии он зуд афзудан гирифт, шумораи корхонаҳои саноатӣ зиёд шуда, шаҳр маркази муҳими нақлиёт гардид. Шаҳр дар охири асри 10 ба маркази муборизаи меҳнаткашон барои дигаргуниҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ таб- дил ёфт.
Октябри 1922 фашистони Италия ба Рим намоишкорона ба ном юриш ташкил карданд. Дере нагузашта аз тамоми мамлакат ба шаҳр отрядҳои фашистон ҷамъ шуданд; табаддулоти давлатӣ ба амал омада, диктатураи фашистӣ ҷорӣ гардид (1922— 43). Соли 1929 мувофиқи Шартномаи Латеран дар як қисми Рим давлат- шаҳри Ватикан ташкил карда шуд. Баъди дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939—45) шикаст хӯрдани Италия 8 сентябри 1943 Римро қӯшунҳои Герма- нияи фашистӣ истило карданд. Дар давраи истило (1943—44) фашистон ҳазорон одамонро ба ҳабс гирифтанд, азобу шиканҷа доданд ва ба қатл расонданд. Аҳолӣ ба мукобили истилогарон қаҳрамонона мубориза бурд. 4 июни 1944 шаҳрро қӯшунҳои Англия ва Америка озод карданд. Соли 1846 ба муносибати барҳам хӯрдани мутлақият (референдуми 2 июн) Рим пойтахти республикаи Италия эълон карда шуд. Рим яке аз марказҳои муҳими харакати коргарӣ ва демократии Италияи муосир мебошад.
Иқтисодиёт. Мавқеи географии Рим (шаҳр дар байни ноҳияҳои Шимол ва Ҷануби мамлакат воқеъ аст) пеш аз ҳама ба тараққиёти нақлиёт, тиҷорат, инчунин ба пешрафти дигар соҳаҳои иқтисодиёт мусоидат кардааст. Рим аз ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ баъди Милан, Турин, Генуя дар Италия ҷои 4-умро ишғол мекунад. Дар шаҳр пеш аз ҳама соҳаҳои саноати сабук ва хӯрокворӣ инкишоф ёфт, ки он аз фабрика ва устохонаҳои начандон калон иборат буд. Солҳои 1960—70 саноати Рим тараққӣ кард. Дар соҳаҳои гуногуни саноати хӯрокворӣ, полиграфия, дӯзандагӣ, мебел, коғаз, бофандагӣ, пойафзол, атриёт аз 1/а қисми коргарони пойтахт кор мекунад. Саноати электротехника, химия, асбобҳои дақиқ, корхонаҳои вагону паровоз, мошинҳои хоҷагии қишлоқ, масолеҳи бинокорӣ ва ғайра низ мавҷуданд. Рим яке аз марказҳои калони туризми байналхалқист; ба ин ҷо ҳар сол бештар аз 10 миллион турист меояд. Идораҳои ҳукуматию маъмурӣ, органҳон роҳбарикунандаи партияҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятии мамлакат, банкҳои калон, муассисаҳои кредит, суғурта ва савдо, идораҳои фирмаҳои ватанӣ ва хориҷӣ, баъзе ташкилотҳои байналхалқӣ (масалан, ташкилоти озуқа ва хоҷагии қишлоқ (ТОХҚ)-и Ташкилотҳои Давлатҳои Муттаҳида, Палатаи савдои байналхалқӣ ва ғайра) дар Рим ҷой гирифтаанд. Рим дорои узели калони нақлиёти дохилист; бо воситаи роҳҳои ҳавоӣ бо дигар мамлакатҳо алоқа дорад; роҳи оҳан (ба 8 самт), 10 роҳи автомобилгард, 30 роҳи ҳавоӣ, метрополитен (солҳои 1927—38 сохта шудааст) мавҷудаст. Дар атрофи шаҳр боғот, токзор, полиз, фермаҳои чорводорӣ, киштзорҳои ғалладона роҳҳои зиёди автомобил бисёранд.
Меъморӣ. Ёдгориҳои меъмории Рим, ки таърихи қариб сеҳазорсолаи онро инъикос менамоянд, ба шакл гирифтани тарҳи ниҳоят зебо ва мураккаби шаҳр осори худро гузоштанд. Гунбазҳое, ки аз байни анбӯҳи дарахтони санавбар қад афрохтаанд, ба шаҳр зинати махсус бахшидаанд. Осори меъмории Капитолий, маҷмӯи форумҳои (майдони васеъ бо биноҳояш, ки дар он ҷамъомадҳо мегузаронданд) Рим (асри 6 то милод) ва форумҳои императорон Юлий Сезар, Август, Нерва, Траян (111 —114, меъмор Апполодори Димишқӣ) ҳамчун марказҳои муассисаҳои ҷамъиятии Рими Қадим маъмул буданд. Аз муҳимтарин иншооти Рими Қадим маъбадҳои Веста ва Фортуна Вирилис (асри 1 то милод), Пантеон, Венера ва Рома (135—307), мақбараҳои Сесилий Метелл, Еврисак (ҳар ду—миёнаи асри 1 то милод), амфитеатри Флавиҳо, кӯпрукҳои Андриан (Сант-Анҷело; 136) ва ғайра, ки ҳамаашон алоҳида берун аз форумҳо сохта шудаанд, машҳуранд. Дар асрҳои 6—9 баъди танг шудани ҳудуди Рим Капитолий, Латеран, Ватикан ба ноҳияҳои мустақили Рими асрҳои миёна табдил ёфтанд. Базиликаҳо (маҷмӯи биноҳо, ҳакамхонаҳо, қаср- ҳои тиҷорат) -и Сав-Ҷованни ин Латерано (311’—314), Санта-Мария Маҷоре (чоряки сеюми асри 4), Санта- Мария ин Козмедин (асрҳои 8 ва 12 қисман аз нав оохта шудаанд) ва ғайра аз қабили иншооти нодири меъмории Рими давраи аввали масеҳият мебошанд. Аввали асри 16 дар Рим бо супоришу хоҳиши папаҳо, ки мақсадашон ҳашамати Рими Қадимро аз нав барқарор кардан буд, чандин би- ноҳои мӯҳташам ва ансамблҳо бунёд гардиданд, ки онҳо ҳусни шаҳрро боз ҳам афзуданд. Дар Ватикан бо услуби Ренессанс сохтани биноҳо сар шуд. Калисои ҷомеи ҳазрати Петр (1506—1614, меъморон Бра- манте, Микеланҷело ва дигар). Палассоҳо (қаср-ҳавлиҳои хусусӣ)-и Венесия (соли 1452, шояд аз рӯи лоиҳаи Л. Б. Алберти ва ё Россел- лино сохта шуда бошанд), Кавчеллерия, Фарнезе, калисоҳои Сан- Петро ин Монторио (соли 1480, меъмор Б. Понтелли), Санта-Мария делла Паче (намои иморат 1656, меъмор Петро да Кортона) ва ғайра иншооти меъморие мебошанд, ки дар давраи Эҳёи Рим бунёд гар- дидаанд. Дар аҳли Сиксти V (1585— 90) якчанд кӯчаҳои рост сохта шу- данд, ки муҳимтарин базиликҳои давраи аввали масеҳиятро ба ҳам пайваста, ноҳияҳои шаҳрро муттаҳид намуданд. Ансамблҳои Пясса дел Пополо (асрҳои 16—17, майдони ҳазрати Пётр, меъмор Ҷ. Ва- ладе), палассоҳои Боргезе (1590— 1615, меъморон М. Лонгии Калонӣ. Ф. Понсио), Монтечиторио (1650-* 90, меъморон Л. Бернини, К. Фон- тана), виллаҳо (чорбоғҳои иморатдор)-и Боргезе, калисоҳои Ил Ҷеау (1568—84, меъмор Ҷ. Винола), Сант-Иво алла Сапиенса (меъмор Ф. Борромини) ва ғайра осори нодири меъмории Рим буда бо услуби барокко бунёд гардидаанд. Ин гуна биноҳо пуршукуҳ, серороиш ва рангоранг мебошанд. Рим баробари пойтахти Италия шуданаш, босуръат қомат афрохтан гирифт. Мувофиқи лоиҳаи асосии соли 1873 роҳҳои нав сохта (Корсо Витторио Эмануэле, Виа Насионале), биноҳои сершумор ва ансамбли иморатҳои боҳашамат (бинои ёдгорӣ ба Виктор Эммануили II) бунёд шуданд. Дар соли 1930 барои ба Рим баргардондани ҳашамати давраи империя кӯшиш мекарданд ва баин мақсад ёдгориҳои меъмории атиқа, маҳалдаҳои калони таърихро (ноҳияи Борго) вайрон карданд. Бо услуби неоклассисизм сохтани биноҳо ба ҳамин давра тааллуқ дорад. Баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ шаҳр бештар доман паҳн кард. Барои Бозиҳои олимпии соли 1960 маҷмӯи иншооти Виа Олимпика қомат рост кард, ки вай ноҳияҳои Форо Италико ва ЭУР-ро ба ҳам пайваст. Ба муносибати Бозиҳои олимпӣ иншооти Форо Италихо сохта, Шаҳрчаи олимпӣ, Қасри спорт ва Палассетто (Қасри хурди спорт) қисман аз нав сохта шуданд. Ҳоло сохтмони биноҳои нав асосан дар мавзеи гирду атрофи шаҳр дар авҷ аст. Ноҳияи ЭУР дар солҳои 1960 —70 ба маркази калони муассиса- ҳои ҷамъиятии Рим табдил ёфт.
Мактаб, муассисаҳои илмӣ ва маданӣ. Мактабҳои олии Рим: Университети Рим, Университети байналхалқии илмҳои иҷтимоӣ (хусусӣ), Мактаби олии тарбияи ҷисмонӣ, Академияи санъати нафиса ва литсеи бадеӣ, Академияи миллии санъати театрии ба номи С. Д.’ Амико (театри таълимӣ дорад), Академияи миллии рақс, Кон- серватории «Сантд-Чечилия». Муассисаҳои илмӣ: Академияи миллии ден Линчей, Академияи илми тиб, Академияи Чилгона (шумораи аъ- зоён) ва дигар академияҳо, Совети миллӣ оид ба тадқиқоти илмӣ, Институти миллии физикаи ядрои, расадхонаи астрономӣ, бештар аз 100 ҷамъяяти илмӣ, институтҳо ва марказҳои соҳаҳои гуногуни илм ва санъат. Китобхонаҳои калонтарин: Китобхонаи миллии марказӣ, Китобхонаи Университет, Китобхонаи Анҷелика, Китобхонаи Касанатенсе, Китобхонаи академияи миллии ден Линчей ва ғайра. Музейҳо: Музеи миллии Рим (музеи Терм), Музеи Вилла Ҷулия, Нигористони миллии санъати атиқа, Нигористони миллии санъати муосир, Музеи миллии санъати Шарқ, Музеи Капитолий ва ғайра, музейҳои Ватикан. Дар Рим театр опера («Театро дел опера»), дастаи доимии драма — «Театро ди Рома», театрҳои «Валле», «Элизео», «Квирино», «Театро делле арти», «Россини», «Голдони» ва «Тординона» ва ғайра низ мавҷуданд, ки дар онҳо беҳтарин дастаҳои драмавии Италия баромад мекунанд. Театрҳои бачагона низ ҳастанд. Дар Рим шаҳрчаи кинои «Чинечитта» мавҷуд аст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …