Маълумоти охирин
Главная / Илм / СФАЛЕРИТ

СФАЛЕРИТ

sfarelit

СФАЛЕРИТ (аз юнонӣsfaleros — фиребанда), минералест аз синфи сулфидҳо, ZnS (67,1% Zn ва 32,9% S). Омехтаҳои изоморфиаш: Ғе (то 26%), Мn, Cd, Ga, Се, In, Со, Hg. Хелҳои Сфалериат: клейофан (беранг ё нимранги шаффоф), марматит (сиёҳтоби аз оҳан бой), пршибрамит (аз кадмий бой), вюртсит (модификацияи гексагонии Сфалериат). Ранги Сфалериат вобаста ба омехтаҳои таркибаш гуногун мешавад: хокистарранг, сиёҳ, зарди сабзтоб, сурх ва ғайра. Сфалериати тоза (холис) беранг аст. Ҷилояш алмосӣ. Сахтиаш 3,5—4,0; зичиаш 3,9—4,1 г/см3. Сфалериат маъдани асосии руҳ мебошад.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …