Маълумоти охирин

САРАБАНДА

САРАБАНДА, як навъ рақси халқии қадимии испанист. Шояд аз Шарқ пайдо шуда бошад. Зарбаш 3/4, 3/2. Дар ибтидо таҳти садои кастанета (қошуқҳо) фақат занҳо мерақсиданд. Рақси ҷозибанок ва пурхурӯш. Дар асрҳои 15— 16 Сарабанда ҳамчун рақси мустақили саҳ- навӣ пеш аз мазҳакаҳо намоиш дода мешуд. Дар асри 17.Сарабанда дар Франсия таҳаввул ёфт:онро монанди менуэт (бо тарзи ҷуфт-ҷуфт) мерақсидагӣ шуданд. Дар асрҳои 17—18 Сарабанда ҳамчун рақси дарбори маъмул гашта, ҳатто ба балетҳо дохил шуд. Дар асри 18 чун шакли мусиқӣ ба ҷузъи сюитаи созӣ даромад.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …