Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / САНОАТИ МИКРОБИОЛОГӢ

САНОАТИ МИКРОБИОЛОГӢ

САНОАТИ МИКРОБИОЛОГӢ, як соҳаи саноатест, ки аз маҳсулоти ғайрихӯрокӣ (карбогидридҳои нефту газ, гидролизатҳои чуб), инчунин боқимондаҳои коркарди саноатии лаблабӯи қанд, ҷуворимакка, зироатҳои равғандору ярмагӣ ва ғайра маҳсулоти қиматбаҳо истеҳсол мекунад. Саноати микробиологӣ асосан консентратҳои сафедаю витаминдор, аминокислотаҳо, витаминҳо, антибиотикҳо, препаратҳои бактериявӣ ва вирусӣ барои муҳофизати растаниҳо аз касалӣ ва зараркунандаҳо, поруҳои бактериявӣ, инчунин маҳсулоти коркарди комплексии ашёи наботӣ (фурфурол, ксилит) ва ғайра мебарорад. Саноати микробиологӣ дар давраи револютсияи илмӣ-техникии замони ҳозира ба вуҷуд омада, ба муваффақиятҳои навтарини микробиологияи техникӣ, химия, физика, технология ва кибернетика асос ёфтааст. Алҳол дар асоси илмӣ системаҳои мукаммали инженерию биологӣ бунёд шуда истодаанд. Дар чунин системаҳо элергияи табаддулоти ферментативии моддаҳои хоси микроорганизмҳо барои синтези маҳсулоти зарури хоҷагии қишлоқ ва саноат истифода мешавад. Қисми зиёди маҳсулоти Саноати микробиологӣ ба тайёр кардани хӯроки сермаҳсули чорво сарф мешавад. Масалан, аз ҳисоби 1 тонна хамирмояе, ки ба хӯроки чорво илова мекунанд 1500—2000 килограмм гӯшти мурғ (вазни зинда) ё 15—25 ҳазор дона тухм истеҳсол мекунанд ва бар замми ин 3,5—5 тонна ғалладона сарфа мешавад. Агар ба хуроки чорво якҷоя бо хамирмояи хуроки чорво витамину аминокислотаҳо, антибиотикҳо ва препаратҳои ферментдор ҳамроҳ шавад, маҳсулнокии чорво боз ҳам меафзояд.

ximiya
Поруҳои бактерияви ҳосилнокини саҳроҳоп кншт, полизу боғ ва токзорҳоро баланд мебардоранд. Препаратҳои ферментдор суръати як қатор просессҳои псхиологиро тезонида, сифати маҳсулотро беҳтар менамоянд. Ин препаратҳо дар саноати химия (барои истеҳсоли воситаҳои шӯяндаи баландсифат), металлургияи сиёҳ (барои дур кардани равған аз тунукаҳои пӯлодин) низ истифода мешаванд.
Соли 1966 муассисаҳои микробиологиро, ки дар ҳайати вазоратҳои гуногуп буданд, ба як соҳаи мустақил муттаҳид намуда, дар назди Совети Вазирони Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР Сариттиҳодияи Саноати микробиологӣ ташкил карда шуд.
Ин боиси равнақ ёфтани Саноати микробиологӣ гардид. Масалан, солҳои 1966—1970 истеҳсоли хамирмояи хӯроки чорво 2,7, антибиотикҳои хӯроки чорво 3,3 ва препаратҳои ферментдор 2 маротиба афзуд. Истеҳсоли консентратҳои сафедаю витаминдор аз карбогидридҳои нефт, антибиотикҳои хӯроки чорво (кормогризин, баситрасин), аминокислотаҳо (лизин, витамини В2 ва ғайра) аз худ карда шуд.
Солҳои охир як гурӯҳ муассисаҳои Саноати микробиологӣ аз қабили заводҳои Лесозаводск (кишвари Приморск), Хакасск (кишвари Красноярск), Киров, Довогорковск, Вилнюс (Республикаи Советии Сотсиалистии Литва), Ливаны (Республикаи Советии Сотсиалистии Латвия), Чаренсаван (Республикаи Советии Сотсиалистии Арманистон) ва ғайра сохта шуданд, ки консентратҳои гуногуни сафедаю витаминдор истеҳсол мекунанд.
Саноати микробиологӣ дар мамлакатҳои сотсиалистӣ — Булғория, Венгрия, Республикаи Демократии Германия, Полша, Руминия, Чехословакия, Югославия бо суръати тез равнақ ёфта истодааст. Саноати микробиологӣ дар Штатҳои Муттаҳидаи Америка, Япония низ тараққӣ кардааст.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …