Маълумоти охирин
Главная / Биология / САНАВДАР

САНАВДАР

САНАВДАР, четаи, ғубайро, рябина (ЗогЬиз), ҷинси буттаву дарахтонест аз оилаи настараниҳо. Аз 1,5 то 25 метр қад мекашад. Дар дунё 50—100 намуд (асосан дар ноҳияҳои иқлимашон мӯътадили Нимкураи шимолӣ), аз ҷумла дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР 34 намуди худрӯи Санавдар месабзад. Сохт ва шакли баргаш хеле гуногун (содда, мураккаб, яклухт, панҷашакл ва ғайра) аст.

sanavdar

Гулаш одатан сафед, баъзан гулобӣ, дуҷинсан 5-барга, мевааш себ 6 мурудшакли ҷигарранг, зард ё сафед, таъмаш турш ё талх, баъзан ширин (аз 4 то 14% қанд ва инчунин витамини С дорад). Меваи баъзе намудҳои Санавдар хӯрданбоб ва шифобахш (8. аисирапа) аст. Буттаву дарахтони Санавдар базебанд ва шаҳру деҳотро ороиш медиҳанд. Санавдар нисбатан тезсабз аст ва то 300 сол умр мебинад. Дар Тоҷикистон 3 намуди Санавдар маълум аст: ч е т а н ё олучаи хирс, чагӣ ё санавдар ва ғубайро ё балар. Асосан дар нишебии қаторкӯҳҳои Ҳисор, Зарафшон, Дарвоз, Ҳазратишоҳ, Қаротегин, Пётри I, Қурама ва ғайра (1600—2900 метр аз сатҳи баҳр) месабзанд. Ғайр аз ин дар Боғи ботаникии Институти ботаникаи Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон 18 намуди Санавдар мепарваранд.
Адабиёт: Деревья и кустарники Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР, том 3, Москва—Ленинград, 1954; Запрягаева В. И., Дикорастущие плодовые Таджикистана. Москва —Ленинград. 1964; Флора Таджикской Советской Социалистической Республики, том 4, Ленинград, 1976. М. Исмоилов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …