Маълумоти охирин
Главная / Биология / САНАВДАР

САНАВДАР

САНАВДАР, четаи, губайро, рябина (ЗогЬиз), чинси буттаву дарахтонест аз оилаи настаранихо. Аз 1,5 то 25 метр кад мекашад. Дар дунё 50—100 намуд (асосан дар нохияхои иклимашон муътадили Нимкураи шимоли), аз чумла дар Иттифоки Республикахои Советии Сотсиалисти Союз Советских Социалистических Республик СССР 34 намуди худруи Санавдар месабзад. Сохт ва шакли баргаш хеле гуногун (содда, мураккаб, яклухт, панчашакл ва гайра) аст.

sanavdar

Гулаш одатан сафед, баъзан гулоби, дучинсан 5-барга, мевааш себ 6 мурудшакли чигарранг, зард ё сафед, таъмаш турш ё талх, баъзан ширин (аз 4 то 14% канд ва инчунин витамини С дорад). Меваи баъзе намудхои Санавдар хурданбоб ва шифобахш (8. аисирапа) аст. Буттаву дарахтони Санавдар базебанд ва шахру дехотро ороиш медиханд. Санавдар нисбатан тезсабз аст ва то 300 сол умр мебинад. Дар Точикистон 3 намуди Санавдар маълум аст: ч е т а н ё олучаи хирс, чаги ё санавдар ва губайро ё балар. Асосан дар нишебии каторкуххои Хисор, Зарафшон, Дарвоз, Хазратишох, Каротегин, Пётри I, Курама ва гайра (1600—2900 метр аз сатхи бахр) месабзанд. Гайр аз ин дар Боги ботаникии Институти ботаникаи Академияи Фанхои Республикаи Советии Сотсиалистии Точикистон 18 намуди Санавдар мепарваранд.
Адабиёт: Деревья и кустарники Иттифоки Республикахои Советии Сотсиалисти Союз Советских Социалистических Республик СССР, том 3, Москва—Ленинград, 1954; Запрягаева В. И., Дикорастущие плодовые Таджикистана. Москва —Ленинград. 1964; Флора Таджикской Советской Социалистической Республики, том 4, Ленинград, 1976. М. Исмоилов.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …