Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / САНЪАТҲОИ МАЪНАВӢ

САНЪАТҲОИ МАЪНАВӢ

САНЪАТҲОИ МАЪНАВӢ, санъатҳои бадеие, ки ба калима тобишҳои гуногуни «маънавӣ дода, мазмуни маънавии шеърро амиқтар ва рехтатар мекунанд. Ташбеҳ, маҷоз, истиора, киноя, муболиға, тавсиф, тазод, таҷнисҳои маънавӣ, иҳом, бозгашт, гардиш, нидо, суолу ҷавоб, таҷоҳули ориф, ташхис, талмеҳ, тафсир, ҷамъу тафриқу тақсим, ирсоли масал, ҳусни матлаъ, ҳусни тахаллус ва ғайра аз Санъати маънавӣ ҳастанд. Ин санъатҳоро дар адабиётшиносии классикӣ муҳассаноти маънавӣ низ гуфтаанд.

sher

Санъати маънавӣ асосан шакли мазмундори асари бадеӣ мебошанд. Бинобар он му- раккабтарин шаклҳои шеър бо Санъати маънавӣ тартиб ёфтаанд. Муҳимтарин хусусияти Санъати маънавӣ он аст, ки ба воситаи онҳо зимни ишорае ба ҷузъи зоҳирии сифати предмет маънии барҷастае дар назар дошта мешавад. Масалан: агар лаб ба лаъли Бадахшон монанд карда шавад, мақсад танҳо ишора ба сифати сурхии лаб набуда, балки бештар аз ҳама намоиш ва таъкиди зебоист. Санъати маънавӣ воситаи асосии офаридани асари лирикианд.
Адабиёт: 3 е ҳ н ӣ Т., Санъати сухан. Душанбе, 1979;
X. Шарифов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …