Маълумоти охирин
Главная / Биология / САЛПИНГООФОРИТ

САЛПИНГООФОРИТ

САЛПИНГООФОРИТ (аз юнонӣ salpinx — най, лӯла ва лотинӣ oophoron — тухмдон), илтиҳоби лӯлаи бачадон ва тухмдони ҳайвоноту одам. Ба Салпингоофорит бештар аз 60—65%-и занҳо гирифтор мешаванд. Барангезандаи Салпингоофорити одам кокков, чубчамикроби рӯда, микробактерияҳои сил ва дигар микроорганизмҳои беморизо мебошанд, ки ба лӯлаи бачадон ва баъд ба тухмдон дохил шуда, сироят мекунанд.

salpingit

Коккҳою қаламчамикроби рӯда аз бачадон ва микобактерияҳои сил аз шуш ва узвҳои дигар бо хун меоянд. Салпингоофорит шадид, каме шадид ё музмин мешавад. Ҳангоми Салпингоофорити шадид поёни шикам дард карда, шахс беҳол ва ҳарораташ баланд (38—38,5°С) мегардад, ки ин аломатҳо ҳангоми Салпингоофорити камешадид рафта-рафта кам ме-шаванд. Ҳангоми Салпингоофорити му змин шикам ва миён гоҳ-гоҳ ё ҳамеша дард мекунад, шахс безурёт ва ҳайз вайрон мешавад. Салпингоофоритро аз рӯи маълумоти анамнез — таърихи беморӣ (осори исқот ё таваллуд, бенизом будани алоқаи ҷинсӣ, сили шуш ва ғайра), хусусиятҳои зуҳуроти беморӣ ва натиҷаҳои тадқиқи лабораторӣ ташхис мекунанд; ҳангоми гумон бурдан ба касалии сӯзок тадқиқоти махсус гузаронида мешавад. Салпингоофорити силиро бо усулҳои гистеросалпингография, кишти бактериалии хуни ҳайз, гузаронидани туберкулин ва ғайра муайян мекунанд.
Муолиҷаи Салпингоофорити шадид (оромӣ, ба рӯи шикам гузоштани ях, истифодаи автибиотикҳо, сулфаниламидҳо, препаратҳои хлориди калсий, воситаҳои антигистаминӣ) дар беморхона гузаронида мешавад. Салпингоофорити каме шадид ва музминро бо проседураҳои физиотерапевтӣ (лойқа, ултрасадо, диатермия ва ғайра), Салпингоофорити фасоднокро бо ҷарроҳӣ ва Салпингоофорити силиро бо истифодаи воситаҳои зиддисилӣ муолиҷа мекунанд. Сари вақт муолиҷа кардани Салпингоофорит боиси безурётии дурудароз намегардад.
П е ш г и р ӣ: эҳтиёт шудан аз сирояти барангезандаҳои Салпингоофорит ҳангоми таваллуд ва исқот. Салпингоофоритҳои сузокӣ ва силиро бо муборизаи зидди ин бемориҳо пешгирӣ мекунанд. М. Т. Пулодова.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …