Главная / Гуногун / САЙФУЛЛИН Сакен

САЙФУЛЛИН Сакен

САЙФУЛЛИН Сакен (Саъди Ваққос; 12. 6. 1894—1939), нависандаи советии қазоқ, арбоби давлатӣ. Аъзои КПСС аз соли 1918. Раиси Совети Комиссарони Халқии РССА Қазоқистон (1922—1925), аъзои КИМ-и Умумироссия (ВЦИК). Солҳои 1913—1916 дар семинарияи м у а л л и м и и Омск таҳсил намудааст. Асарҳояш аз соли 1910 нашр шудаанд. Иштирокчии мубориза барои барпо намудани Ҳокимияти Советӣ дар Қазоқистон. Аъзои ревкоми Оқмулло (ҳозира Селиноград) буд. Аз марти 1919 дар кори роҳбарии советӣ дар Оқмулло. Соли 1920 ба Оренбург омад. Солҳои 1925—1937 муҳаррири газетаи «Энбекши казак» («Қазоқи меҳнаткаш»), сипас сармуҳаррири журнали «Эдебнет майдани» («Майдони адабпёт»). Яке аз асосгузорони ИП Қазоқистон. Песаи Сайфуллин— «Шоҳбозҳои сурх» (1920) аввалин песаи қазоқист, ки аз муборизаи револютсионерони қазоқ ҳикоят мекунад. Дар
маҷм. «Аспи тавсан» (1922), шеърҳои то Револютсияи Октябри 1917 ва солҳои Ҷанги гражданӣ навиштаи Сайфуллин дохил шудаанд. Онҳо аз ҳисси муҳаббат ба ватан, нафрат ба душманони револютсия саршор буда, ба мубориза баҳри ҳаёти нав даъват мекунанд. Дар маҷм-ҳои манзуми «Думбура»
(1924) «Экспресс» (1926), «Дар мавҷҳои ҳаёт» (1928) мавзӯи револютсия ва ҳаёти нав васеътар инъикос ёфтааст. Дар достонҳои «Советистон» ва «Албатрос» (1923) ба образи Ленин муроҷиат намудааст. Шоир дар таъсири эҷодиёти В. В. Маяковский шаклҳои нави назми қазоқро ба вуҷуд оварда, беҳтарин анъанаҳои халқиро дар достонҳои «Қувони ҷудокардашуда» (1925), «Кӯқчатов» (1929), «Кзилат» (1934) ва ғайра инкишоф додааст. Сайфуллин инчунин муаллифи новеллаҳо ва романи таърихии ёддоштии «Роҳи пурмашаққат», повестҳои «Оиша» (1922, таҳрири нав 1935), «Заминканҳо» (1928), асарҳои тадқиқӣ доир ба таърихи адабиёти қазоқ, мураттиби маҷмӯаҳои эҷодиёти даҳанақии қазоқҳо мебошад. Ба забони тоҷикӣ як ҳикояи Сайфуллин бо номи «Вагонҳои марговари атаман Анненков» дар маҷм. «Муҳаббати ҷовид» (Д., 1963) ва шеърҳояш дар маҷм. «Таронаҳои сарзамини зархез» (Д., 1963) ба табъ расидаанд. Бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат мукофотонида шудааст.

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …