Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / РЕСПУБЛИКАИ СОВЕТИИ БАВАРИЯ

РЕСПУБЛИКАИ СОВЕТИИ БАВАРИЯ

РЕСПУБЛИКАИ СОВЕТИИ  БАВАРИЯ (РСБ), дар шароити болоравии умумии ҳаракати револютсионӣ дар Германия, ки зери таъсири Револютсияи  Кабири  Сотсиалистии Октябр авҷ гирифта буд, 13 апрели 1919 ташкил ёфта, то 1 маи 1919 вуҷуд дошт. Ҳанӯз 7 апрели 1919 «сотсиал-демократҳои мустақил» бо сардории Э. Толлер дар Бавария Республикаи Советиро эълон намуда, ният доштанд инкишофи ҳаракати револютсионии омма (корпартоиҳо, намоишҳо таҳти шиори ба Советҳо додани ҳокимият)-ро боздоранд, ки вай аз сиёсати роҳбарони сотсиал-демократҳои баъди Револютсияи  ноябрии 1918 ба сари ҳокимият омада  норозӣ буданд. Исёне, ки контрре- волютсионерҳо барои барпо намудани диктатураи буржуазӣ бардошта буданд, аз тарафи коргарони Мюнхен пахш карда шуд. 13 апрел дар Мюнхен Республикаи Советӣ ташкил ёфт, ки ба он коммунистон роҳбарӣ менамуданд. Комитети амалиёт (органи олии республика) ва Совети иҷроия бо сардории коммунистон (Э. Левине ва дигар) таъсис ёфтанд.

rs-bavariya

Ба ҳайати онҳо «сотсиал-демократҳои мустақил» низ дохил шуданд. Ҳукумати Республикаи Советии Бавария РСБ дар корхонаҳо назорати коргариро ҷорӣ, ба беяроқгардонии буржуазия шурӯъ, банкҳоро миллӣ, Армияи Сурхро ташкил карда, барои мубориза бо қувваҳои зиддиреволютсионӣ комиссияи фавқулодда таъсис дод. Вале коммунистони Бавария ба як қатор хатоиҳо роҳ доданд. Барои беҳтар намудани аҳволи деҳқонони камбағал ва миёнаҳол, барқарор кардани алоқаи синфи коргар бо деҳқонон чораҳои таъҷилӣ надиданд, дар муборизаи зидди контрреволютсияи дохилӣ  ба мусолиҳакорӣ роҳ доданд. Ба муқобили Республикаи Советии Бавария РСБ қувваҳои муттаҳидаи ҳукумати Эберт-Шнейдерман дар Германия бархостанд. Бо тазйиқи «сотсиал-демократҳои мустақил» 27 апрел коммунистон аз ҳайати ҳукумат баромаданд. 1 маи 1919 қувваҳои зиддиреволютсионӣ ба Мюнхен дохил шуданд, вале ҷанговарони Армияи Сурх то 5 май дар кӯчаҳои шаҳр ҷангро давом доданд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …