Маълумоти охирин
Главная / Биология / РОСУ – мири мушон

РОСУ – мири мушон

РОСУ (Musteianiyalia), мири мушон, як ҷонвари ширхӯри даррандаест аз оилаи савсорҳо. Дарозии танаш 13—26 см, думаш 1,4— 9 см, вазнаш аз 30 то 250 г; баданаш борики дарозу нарм; мӯяш зичи кӯтоҳ. Тобистон ранги мӯи тах¬та пушташ бӯри зардча ва шикамаш сафед буда, зимистон пурра сафед мешавад. Дар районҳои ҷанубӣ рангаш одатан тағйир намеёбад.

73399

Дар бешаю биёбон ва кӯҳҳо маскун аст. Хояндаҳои майдаро мехӯрад. Тамо¬ми сол афзоиш карда, аз 3 то 9 бача мезояд. Росу дар Европа, Осиё (ғайр аз қисми ҷанубӣ) ва Америкаи Шимолӣ зиндагӣ мекувад. Дар СССР қариб дар ҳама ҷо дида мешавад. Дар Тоҷикистон (ғайр аз Помир) 2 зернамудаш (Pосуи биёбонӣ ва Pосуи кӯҳӣ) даст. Росу ҷонвари фоиданок буда, хояндаҳои зараррасони хоҷагии қишлоқро нест мекунад. Росуро дар Тоҷикистон муҳофиват мекунанд; вай ба китоби Сурхи РСС Тоҷикистон дохил шудааст.

А. И. Соков.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …