РИШТА

РИШТА, 1) Бемории ришта, дракункулёз, як навъ беморие, ки дар бадани ҳайвонот ё одам (бештар дар қисми поёнии он, дар мағзи гӯшту пӯст) пайдо мешавад. Ришта тақрибан 1500 сол то милод дар дастхатҳои Миср зикр ёфта буд. Дар Бухоро Риштаро аввалин шуда ибтидои асри 11 Ибни Сино ба қайд гирифта, усули нӯги берун баромадаи кирмро ба чӯбчаи қалъагӣ печонида оҳиста аз зери пӯст берун овардани онро истифода карда буд. Ба Ришта аз ҳайвонҳо саг, шағол ва ғайра гирифтор мешаванд. То соли 1869 сабаби сироят ёфтани одам маълум набуд. Олими рус А. П. Федченко сохти бадан ва тарзи зисту инкишофи кирми Риштаро омӯхта исбот намуд, ки соҳиби мобайнии он сиклопҳо мебошанд.

02-rishta-v-noge-e1484835932727

Алҳол Ришта дар як қатор ноҳияҳои Африка, Ҳиндустон, нимҷазираи Арабистон, Эрон, Бразилия паҳн шудааст. Пеш дар Осиёи Миёна низ Ришта кам набуд. Ҳоло бо кӯшиши олими советӣ Л. М. Исаев ва ҳамкорони ӯ нест шудааст; аз соли 1932 ин ҷониб касе ба ин беморӣ гирифтор нашудааст. Вале солҳои 1946—1956 В. И. Чернышев дар ҷануби Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон дар зери пӯсти 7 ша- ғол кирми Риштаи болиғро ёфта буд. Пас, Ришта дар байни ҳайвонот ҳанӯз ҳам дида мешудааст. Одам ба Ришта ҳангоми бо об фурӯ бурдани сиклопҳо, ки ҳомили кирминаи Ришта мебошанд, сироят меёбад. Кирмина ба воситаи хун ба зери пӯст (асосан пӯсти пой) даромада, он ҷо калон мешавад. Баъди 9—14 моҳи «сироят хориши пӯст, шиддатёбии тангшавии нафас ва ғайра рӯй дода, дил беҳузур мешавад, кас қай мекунад ва дам ба дам аз ҳуш меравад. Дар гирдогирди ҷои сироятёфтаи пӯст обила пайдо мешавад. Баъзан дар обила кирм намудор шуда меистад. Баъди якчанд рӯз обила кафида рим мебарояд.

М у о л и ҷ а: асосан бо ёрии чӯбча берун овардани кирм (нигаред расм); истеъмоли воситаҳои зиддигазак ва зиддиаллергӣ; баъзан ҷарроҳӣ.
Пе шг и р ӣ: андешидани тадбирҳои аз об таъмин кардани аҳолӣ.
2) Кирми гвинеӣ ё кирми м е д и с ӣ (Бгасипси1из тебшепзгз), як намуди кирмҳои паразит аз синфи нематодаҳо, ки дар одам бемории риштаро ба вуҷуд меорад. Дарозии модинааш 120 сантиметр, наринааш 4 сантиметр мешавад. Ришта кирми зиндазо буда, 8—10 миллион кирмча (андозааш 0,65 миллиметр) мезояд.
Дар мамлакатҳои тропикӣ ва субтропикӣ паҳн шудааст. Дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР то солҳои 30 дар Осиёи Миёна дучор меомад; алҳол батамом нест шудааст.
Адабиёт: Федченко А.П., О строении и размножении ришты, Москва, 1870; Ч е р н ы ш е в В. И., Фауна и экология млекопитающих тугаев Таджикистана, «Тр. ИЗИП АН Таджикской Советской Социалистической Республики », том 85, Душанбе, 1958; Кассирский И. А„ Плотников Н. Н„ Болезни жарких стран, Москва„ 1968.
М. Н. Нарзиқулов.

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАҲО

САФЕДАҲО, протеинҳо, моддаҳои органикии калонмолекулаи табииеро гӯинд, ки аз аминокислотаҳо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …