Маълумоти охирин
Главная / Биология / РЕЗУС-ФАКТОР

РЕЗУС-ФАКТОР

xun

РЕЗУС-ФАКТОР (НЬ-фактор), сафедаест дар эритроситҳо (ҷисмчаҳои сурхи хун), ки хусусиятҳои подзоӣ (антигенӣ) дорад. Резус-факторро олимони австриягӣ К. Ландштейнер ва А. Винер соли 1940 дар эритроситҳои Масасиз гЬезиз ёфтанд (номаш низ аз ҳамин ҷост). Якчанд антигонҳои гуногуни системаи Резус-фактор мавҷуданд, аз ҷумла гурӯҳи Нг ки бо НЬ системаи умумии НЬ — Нг-ро ташкил ме-диҳад. Ин система 3 намуди ҳархелаи НЬ-агглютиноген (Б, С, Е) ва 3 намуди ҳархелаи Нг-агглютиногея (с, (1, е)-ро дарбар мегирад. Резус-фактор, чун аломати доминантӣ аз насл ба насл мегузарад ва дар давоми ҳаёт тағйир намеёбад. Резус-фактор дар хуни тақрибан 85% одамон вуҷуд дорад (шахсони НЬ-ашон мусбат), вале 15^—18% ода-мон Резус-фактор надоранд (НЬ-ашон манфӣ). Миқдори шахсони НЬ-ашон манфӣ ба шароити географӣ вобаста аст, ки ин хел касон дар Ғарб бештар ва дар Шарқ камтар ёфт мешаванд.

Одамони НЬ-ашон манфӣ ягон хел аломати касалӣ надоранд ва ба ҳадди кофӣ солиманд. Ба эътибор гирифтани Резус-фактор ҳангоми хунгузаронӣ ҳатмист, зеро ин амал барои шахсони НЬ-ашон манфӣ хатар дорад. Набудани Резус-фактор дар занҳо, махсусан дар даври ҳомиладорӣ хавфнок аст, чунки дар байни модари НЬ-ашон манфӣ ва ҷанини НЬ-аш мусбат ҳодисаи Резус — мухолифати масунӣ (иммунитетӣ) рӯй медиҳад. Дар натиҷаи ин кӯдак дар батни модар ҳалок ва исқот мешавад; агар кӯдак намурда таваллуд шавад, ӯ ба касалии хунобшавй (ҳемолиашавӣ) дучор мегардад, ё тамоми баданаш обварам мекунад. Дар мавриди Резус — мухолифат бештар истихроҷи ҷанин, бачапартоӣ, чалазоӣ рӯй медиҳад.

П е ш г и р ӣ: дар вақти Резус — мухолифат асосан нагирондани (аборт накунондан) ҳамли нахустин; ҳангоми хунгузаронӣ бошад, интихоб намудани хуни аз ҷиҳатя гурӯҳ  ва резус муносиб ва ба бадан гузаронидани гамма-глобулини зидди резус.

Адабиёт: Соловьёва Т. Г., Резус-фактор и его значение в клинической практике, Ленинград, 1963; Персианинов Л. С., Несовместимость крови матери и плода—дар китои: «Акушерский семинар», том 2, Ташкент, 1973. С. Ҳ. Ҳакимова.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …