Маълумоти охирин

РЕГИСТОН

РЕГИСТОН, майдони расмӣ ва марказии шаҳрҳои калони Осиёи Марказиро номанд. Регитонҳои Самарқанд ва Бухоро аз ҷумлаи иншооти машҳури шаҳрсозии асрҳои миёна мебошанд. Махсусан Регистони Самарқ а н д яке аз иншооти намоёни меъморӣ ба ҳисоб меравад. Он аз замонҳои қадим вуҷуд доштааст. Дар ҷои ҳозираи Регистон аввал бозор, устохонаю дӯконҳои ҳунармандӣ будаанд. Бино ба сарчашмаҳо, асри 14 дар Регистон масҷиди ҷомеъ ва растаи пӯшидаи савдо — тими телпакфурӯшон мавҷуд будааст. Дар аввали асри 15 Регистон ҳамчун маркази савдою ҳунармандӣ шӯҳрат ёфт ва майдони марказии шаҳр гардид. Ии бо сохта шудани ансамблҳои меъморие алоқаманд аст, ки яке аз нишонаҳои хоси меъмории асри 15-ро таҷассум мекунад. Шаклгирии ансамбли Регистон бо сохтмони Мадрасаи Улуғбек (141(7—20), ки дар қисми ғарбии майдон ҷойгир аст, оғоз ёфт. Мадраса росткунҷа буда, даромадгоҳи он бо пештоқи мӯҳташами мунаққашу хотамкорӣ зинат ёфтааст.

registon-maydon

Аз ду паҳлӯи пештоқ ду қатор тоқҳои гулкорӣ сохта шудаанд. Гирдогирди ҳавлии он аз ҳуҷраҳои дуқабатаи айвончадор, дарсхона, масҷид иборат буда, бо девори мустаҳкам иҳота гардидааст; дар чор гӯшаи мадраса гулдастаҳо-манораҳо воқеанд (ҳоло се манора боқӣ мондааст). Ғайр аз даромадгоҳи калон, ки дар тарафи шарқии бино ҷойгир аст, аз Ҷануб ва Шарқ низ даромадгоҳ дорад. Нақшунигори мадраса ба сохти бино мувофиқ бӯда, бандубасти яклухт дорад. Девору манораҳои мадраса кошикорию хотамкорӣ буда, меъморон изораҳои мармариро низ истифода бурдаанд. Дар асри 15 дар тарафи шарқии майдон хонақоҳ (1424), дар шимоли он корвонсарои Мирзоӣ, дар тарафи ҷанубиаш масҷидҳои Олика Кӯкалтош (.1430), Масҷиди Муқаттаъ ва мадрасаи Абӯсаидхон сохта шуд. Аз ин биноҳо то замони мо фақат мадрасаи Улуғбек боқӣ мондааст. Ҳангоми азнавсозии Регитсон дар асри 17 биноҳои дигарро вайрон карда, ба ҷояшон биноҳои нав сохтанд. Дар ҷои хонақоҳи фарсуда Мадрасаи Шердор бино шуд (1619—36), ки услубан ба Мадрасаи Улуғбек хеле шабоҳат дорад. Пештоқи он чун пештоқи Мадрасаи Улуғбек буда, меъмор тавонистааст ансамбли ягонаи биноҳои ба ҳам мутаносибу му-тавозиро ба миён орад. Вале усули нақшунигору рангубор ва ороишоти Мадрасаи Шердор аз бинои 200 сол муқаддам сохташудаи муқобилаш фарқ мекунад. Ороиши кошии пештоқи Мадрасаи Шердор тасвироти ҷолиби диққат дорад: шере ба ғизоли хушандом ҳамлавар буда, дар паси шер тасвири офтоби дурахшон мавҷуд аст. Ҷуссаи шер ва нурҳои Офтоб бо рангҳои зарду дорчинӣ нақшунигор шудаанд, сатҳи сафедранги офтоб бошад, бо ҷуссаи сафеди ғизол хеле моҳирона мутобиқ гардонида шудааст. Дар ороиши мадраса рангҳои зарду сабз бештар истифода шуда, дар иҳотаи рангҳои дигар ба-ръалотар ба назар мерасанд. Дар ороиши мадраса нақшҳои ислимӣ, ҳандасӣ ва китобаҳоро истифода бурдаанд. Ба назар чунин мерасад, ки гӯе сатҳи берунии бино ба чанд ҳиссаи алоҳидаи композитсионии нақшин ҷудо шудааст. Ҳарчанд ки нақшунигори бино пурпечутобу серҷузъиёт аст, вале ин қимати онро ҳаргиз паст намекунад. Дертар дар ҷои корвонсарои Мирзоӣ Мадрасаи Тиллокорӣ қомат афрохт (1646—60). Бо ин мадраса ансамбли Регистон пурра шакл гирифта, ба ҳамон намуд то имрӯз барҷост. Биноҳои ансамбл ва маркази майдон дар масофаи якхела воқеъ гардидаанд. Мадрасаи Тиллокорӣ бо пештоқи аҷоибсохташ аз ду мадрасаи дигар фарқ мекунад. Ороишоти намою пештоқи он тақлиди маҳзи тазйиноти мадрасаҳои дигар аст. Ин ҷо ҳам рангҳои зарду сабз бештар истифода шуда, обуранги биноро то андозае коҳондаанд. Намои асосӣ, инчунин тамоми деворҳои мадраса бо хиштчаҳои сирдори хеле майда рӯкаш шудаанд. Интерери бино бештар бо усули наққошии кундал оро ёфта, аз ин рӯ, тиллокорӣ ном гирифтааст. Нақшҳои ислимиаш як андоза паст-таранд.

Регистони Бухоро, майдони он дар асри 7, ҳангоме ки ҳокими шаҳр арки худро бино кард, пайдо щуд. Дар тарафи ғарбии арк май-дони регпӯш воқеъ гардида буд. Дар тӯли асрҳои зиёд дар ин майдон қасру биноҳои гуногун сохта шуда, бо мурури замон аз байн рафтанд. То асри 1(9 дар Регистон мадрасаҳои Дорушшифо, Бозори гӯсфанд, масҷидҳои Меҳтаршобек, Усторӯҳӣ, хонақоҳи Абдулазизхон вуҷуд дошта, аз онҳо танҳо ансамбли масҷиди Болоҳавз то замони мо расидааст. Дар маркази ансамби ҳавзи ҳаштгӯшае воқест, ки бо тахтасангҳо рӯкаш шуда, дар давоми ду аср бино ёфтааст. Дар қисми ғарбии ҳавз бинои мӯҳташами масҷид қомат афрохтааст (17:12), ки толори калони гунбаздор, ҳуҷра ва айвони дуқабата дорад. Ибтидои асри 20 дар тарафи ҷануби майдон, байни ҳавз ва айвон аз хишти пух-та манорае сохтанд, ки ба манораи Калон монандн дорад. Дар тарафи Ҷануб ва Шарқи масҷид ду мадрасаи хурди якқабата бино ёфтааст. Ансамбл дар ибтидои асри 20 пурра шакл гирифт. Ансамбл бо усули кошикорӣ, гаҷкорӣ, мунаббаткорӣ ва кандакорӣ оро ёфтааст. Регистонҳои Самарқанд ва Бухоро аз ёдгориҳои нодири меъмории Осиёи Миёна ба ҳисоб мераванд.

 

Адабитё: М а с с о н М. Е., Регистан и его медресе, Ташкент, 1926; П у г а ч е н-к о в а Г. А., Р е м п е л ь Л. И., Выдающиеся памятники архитектуры Узбе-кистана, Ташкент, 1958; П у г а ч е н к ов а Г. А., Самарканд, Бухара, Москва. 1968; ВИА, том 8, Москав, 1969. Р. Довобоев.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …