Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Дарёи РЕД-РИВЕР

Дарёи РЕД-РИВЕР

250px-redriverbonhamtx

РЕД-РИВЕР (англисӣ Ней Шуег — дарёи Сурх), дарёест дар ҷануби Штатҳои Муттаҳидаи Америка, шохоби рости дарёи Миссисипи. Тӯлаш 2050 километр, масоҳати ҳавзааш 233 ҳазор километр2. Аз пуштакӯҳи Ляно-Эстакадо сар шуда, дар миёнаоб ва поёнобаш пастии назди Мексикаро бурида мегузарад. Дар поёнобаш ба ду шоха — Олд-Ривер ва Атчафалая ҷудо мешавад, ки якумаш ба дарёи Миссисипи, дуюмаш ба халиҷи Мексика мерезад. Манбааш борон. Давран обхезии дарё охири баҳор — аввали тобистон. Сарфи об дар резишгоҳаш аз 35 метр/сония то 6600 метр/сонияя. Ҳангоми мӯътадил будани сатҳи об аз шаҳри Шривпорт киштигард аст. Дар миёнаоби дарё обанбори калони Тексома сохта шудааст. ГЭС низ дорад.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …