Маълумоти охирин
Главная / Илм / РЕАНИМАТОЛОГИЯ

РЕАНИМАТОЛОГИЯ

РЕАНИМАТОЛОГИЯ (аз ре… лот. ашша1о — ҷон, рӯҳ, нафс, ҳаёт ва …логия), як соҳаи илмӣ тиб буда, қонуниятҳои асосии таназзул ва таҷаддуди организми инсонро меомӯзад.

reanimotology

Реаниматология ҳамчун як фасли мустақили илмию амалии тиб дар миёнаи асри 20 ба вуҷуд омад. Дар ташаккул ва тараққиёти Реаниматология олимони рус ва советӣ П. Посников, С. Г. Зибелин, А. А. Кулябко, Н. П. Кравков, С. С. Брюхоненко, С. И. Чечулин, В. А. Неговский, Г. Н. Андреев ва дигар саҳми арзанда доранд. Объекти тад- қиқи Реаниматология тамоми узвҳои ҳаётан муҳими бадан — системаҳои дилу рагҳо, нафаскашӣ, асаби марказӣ ва ғайра мебошад. Барои баргардонидани ҳаёт усул ва воситаҳои бисёреро ба кор мебаранд: хунук кардани бадан (гипотермия), оксигендиҳӣ таҳти фишори баланд, хунгардиши ёвар, нафаскашии сунъӣ, ҳар хел доруҳо, амалиёти ҷарроҳӣ ва ғайра. Дар Тоҷикистон Реаниматология солҳои охир инкишоф ёфт. Соли 1974 дар Институти давлатии тиббии Тоҷикистон кафедраи мустақили анестезнология ва реаниматология ташкил шуд. Ҷамъияти илмии реаниматологҳо дар Республикаи  Советии Сотсиалистии Тоҷикистон аз соли 1973 амал мекунад. Соли 1978 дар Душанбе Конференсияи 1-уми илмию амалӣ оид ба Реаниматология  гузаронда шуд. Соли 1980 дар соҳаи Реаниматология  зиёда аз 230 нафар мутахассис дар 3 маркази реанимасия ва 12 шӯъбаҳои анестезиологию реаниматсионӣ кор мекунанд, аз ҷумла зиёда аз 20 олими тоҷик, ба тадқиқоти масъалаҳои муҳимтарини реаниматология машғуланд.

Адабиёт: Неговский В. А„ Патофизиология и терапия агонии и клинической смерти, Москва, 1954; Вельская Т. П„

К а с с и л  В. Л„ Организация реаниматологической службы, дар китоби: Проблемы реанимации, Москва„ 1969; Н е г о вс к и й В. А„ Актуальные проблемы реаниматологии, Москва„ 1971. М. Қ. Муродов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …