Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / РЕСПУБЛИКАИ ЗИМБАБВЕ

РЕСПУБЛИКАИ ЗИМБАБВЕ

r-zimbabve

РЕСПУБЛИКАИ  ЗИМБАБВЕ (Но- риЬНс о£ 2гшЬаЬ\уе), давлатест дар Африкаи Ҷанубӣ. Дар Шимол ва Шимоли Ғарб бо Замбил, дар Шарқ бо Мозамбик, дар Ҷануби Ғарб бо Ботсвана ва дар Ҷануб бо Республикаи Африкаи Ҷанубӣ ҳамсарҳад мебошад. Масоҳатат 390,2 ҳазор километр2. Аҳолиаш 7,5 миллион нафар (1982). Пойтахташ Хараре. Аз ҷиҳати маъмурӣ ба 7 музофот тақсим шудааст.

Сохти давлатӣ. Зимбабве — республика. Сардори давлат — президент. Органи қонунбарор — парламент, ки аз 100 ҷой 20 ҷои онро сафедпӯстон ишғол мекунанд. Сардори ҳукумат, ки онро парламент ташкил медиҳад, сарвазир мебошад.

Табиат. Тақрибан тамоми территорияи Республикаи Зимбабверо паҳнкӯҳҳои Матабеле ва Машона ишғол кардаанд, ки сатҳи онҳо мавҷдор ва якхела аст. Нуқтаи баландтаринаш 2596 метр (кӯҳи Инянгани) мебошад. Территорияи Республикаи ЗимбабвеР. 3. дар платформаи Африка воқеъ гардидааст. Сарватҳои зеризаминӣ: хлорит, никел, платина, бериллий, тилло, мис ва ангиштсанг. Иқлими қисми шимолиаш субэкваторӣ, иқлими ҷанубаш тропикист. Ҳарорати миёнаи моҳи гармтарин (октябр) аз 21 то 27°Селсия, моҳи салқин (июл) аз 10 то 17°Селсия. Боришоти солона 300—750 миллиметр дар Ғарб Ҷануб, то 1250 миллиметр дар Шарқ дарёҳои калон: Замбези ва Лимпопо. Обанбори калонтарин — Кариба. Дар хо- ки сурхи дорчинӣ бештар саваннаҳои бешаи сирак мерӯяд. Нишеби- ҳои шарқии кӯҳҳои Инянганиро бешаи ҳамешасабзи сернам ва марғзорҳои кӯҳӣ пӯшонидаанд. Олами ҳайвоноти мамлакат ба олами ҳайвоноти саванна ва бешаи сираки Африка шабоҳат дорад. Дар ин сарзамин антилопа, шоҳбарзагови африкоӣ, заррофа, зебу, паланг, кафтор, паррандаҳои гуногун, калтакалос, мор (мори печони африкоӣ), мӯрча, термит ва ғайра дучор меоянд. Дар бештари районҳо пашшаи сесе паҳн шудааст. Барои ҳифзи олами ҳайвонот ва наботот боғҳои миллӣ ташкил карда шудаанд, ки калонтарини онҳо Уанки ва Виктория-Фолс мебошанд.

Аҳолӣ. Зиёда аз 95% аҳолии мамлакатро (1975) халқҳои африкоии оилаи бантузабон: машона, матабеле, инчунин малави (нянҷа), тсонга, бавенда, бапеди ва дигар ташкил медиҳанд. Камтар аз 5% европоиҳо, ба миқдори кам ҳиндиён низ зиндагӣ мекунанд. Забони расмӣ — англисӣ. Аксарияти африкоиҳо ба дину оини анъанавии маҳаллӣ эътиқод доранд; насрониён низ ҳастанд. Аҳолии ғайриевропоӣ дучори таъқиботи нажодӣ мебошад. Ба муносибати авҷ гирифтани муборизаи аҳолии Африка барои истиқлолият просесси муҳоҷирати сокинони Европа мушоҳида карда мешавад. Шаҳрҳои калон: Хараре, Булавайо.

Очерки таърихӣ. Аввалин бошишгоҳҳои аҳолинишини территорияи ҳозираи 3имбабве ба давраи палеолит мансубанд. Дар асри 14 дар ин ҷо дар асоси маданияти Зимбабве давлати Мономо- тапа ташкил ёфта, дар нимаи дуюми асри 15 он хеле нашъунамо кард. Соли 1693 қабилаҳои розви давлатро барҳам доданд. Ибтидои асри 19 ба территорияи 3имбабве аз Африкаи Ҷанубӣ қабилаҳои матабеле дохил шуда, дар миёнаи асри 19 дар зери ҳокимияти сардори олӣ Мо- селекатсе (солҳои 1823—68 ҳукмронӣ кардааст) муттаҳид гардиданд.

Дар охири асри 19 «Ширкати британии Африкаи Ҷанубӣ» ноҳияҳои байнаннаҳрайни Лимпопо-Замбези (Родезияи Ҷанубӣ) ва шимолтари Замбезиро (Родезияи Шимолӣ) истило кард. То солҳои 1923—24 территорияи Родезияи Ҷанубӣ ва Шимолӣ дар ихтиёри ширкат буд. Соли 1923 территорияи Родезияи Ҷанубӣ (бо номи Родезияи Ҷанубӣ) статуси колонияи худидоракуниро гирифт. Байни ҷангҳои якум (1914— 18) ва дуюму ҷаҳонӣ (1939—45) шумораи европоиҳое, ки ба Родезияи Ҷанубӣ ҳиҷрат намуданд, хеле афзуд. Ҳукумати сафедпӯстони ақаллият нисбат ба аҳолии африкоӣ сиёсати нобаробарҳуқуқии нажодиро ба кор мебурд. Дар давраи Ҷанги дую- ми ҷаҳонӣ синфи коргари африкоӣ аз ҷиҳати шумора афзуд. Синфи қоргар аз ҷиҳати сиёсӣ ба камол мсрасид, зуд-зуд корпартоиҳо ба амал меомаданд. Бо мақсади дар Африкаи Марказӣ мустаҳкам наму- дани мавқеи мустамликадории худ Англия соли 1953 Родезияи Ҷанубиро бо протекторатҳои Родезияи Шимолӣ (нигаред, Замбия) ва Нясаленд (нигаред, Малави) ба Федератсияи Родезия ва Нясаленд муттаҳид намуд. Соли 1960 дар асоси Конгресси Миллии Африка — (КМА бори аввал чанде пеш аз сар шудани Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ташкил гардида, соли1957 аз нав барқарор ва соли 1959 манъ карда шуд) партияи миллӣ-демократӣ (ПМД) ташкил ёфта, доир ба қабули конуни интихоботи умумӣ талаботҳо пешниҳод кард. Соли 1961 ҳукумат фаъолияти партияи миллӣ-демократиро манъ кард. Баъди чанд рӯзи манъи он дар асоси партияи миллӣ-демократӣ  партияи Иттифоқи халқи африкоии Зимбабве (ЗАПУ) ташкил ёфт. Соли 1962 ЗАПУ манъ карда шуд ва он ба шароити ғайрилегалӣ гузашт. Соли 1961 конститутсия ҷорӣ гардид, ки ба василаи он африкоиҳо бори аввал дар парламент аз 65 ҷой ба 15 ҷой соҳиб шуданд.

Соли 1962 дар интихоботи байкоткардаи Иттифоқи халқи африкоии Зимбабве ЗАПУ партияи расистии Фронти Родезия (таъсисаш 1961) ғалаба кард. 11 ноябри 1965 ҳукумати Родезияи Ҷанубӣ бо сардории Ян Смит истиқлолияти мамлакатро аз идора- кунии Англия яктарафа эълон кард. Ҳукумати Британияи Кабир ва ҳукумати дигар давлатҳо истиқлолияти Родезияи Ҷанубиро эътироф накарданд. Совети Амнияти ТДМ дар бобати бо Родезияи Ҷанубӣ қатъ намудани муносибатҳои иқтисодӣ карор қабул кард. Аммо аксарияти давлатҳои Ғарб ин қарорро мунтазам вайрон мекарданд, ҳукумати Республикаи Африкаи Ҷанубӣ ва ҳукумати фашистии Португалия бошанд, аз иҷрои ин қарор тамоман саркашӣ карданд. Октябри 1976 байкоткардаи Иттифоқи халқи африкоии Зимбабве ЗАПУ ва Иттифоқи миллии африкоии Зимбабве ЗАНУ дар бобати ташкил намудани Фронти ватандӯстони Зимбабве шартнома бастанд, ки онро соли 1977 Ташкилоти ягонагии Африка ҳамчун ташкилоти ягонае, ки дар Родезияи Ҷанубӣ муборизаи миллии озодихоҳӣ мебаранд, эътироф кард. Фронти ва- тандӯстон бо мақсади сарнагун намудани тартиботи ирқпарастонаи Смит ба ғайр аз муборизаи сиёсию дипломатӣ роҳи амалиёти яроқнокро низ пеш гирифт. Соли 1976 ба муқобили ин иқдом ҳукуматҳон Америка ва Англия плани худро (ба ном плани Киссинҷер) тартиб доданд. Ин план октябри 1976 дар Конференсияи Женева бо иштироки ташкилотҳои Африка муҳокима карда шуд, аммо дар натиҷаи сиёсати Смит муваффақият пайдо накард. Соли 1977 Англияю Америка плани нави бо роҳи конститутсионӣ ҳал кардани ин масъаларо ба миён гузоштанд. План гузаронидани интихоботи умумӣ ва ташкили давлати мустақили Зимбабверо то охири соли 1978 дар зери ҳимояи Британияи Кабир ва бо назорати ТДМ пешбинӣ мекард. Фронти ватандӯстон маҷбур шуд ин планро ҳамчун асос барои гуфтушунидҳои минбаъда қабул кунад. Феврали 1978 байни Смит ва пешвоёни муросочии ташкилотҳои Африка (группировкаи байкоткардаи Иттифоқи миллии африкоии Зимбабве ЗАНУ; пешвояш Н. Ситоле), Совети муттаҳидаи миллии Африка (пешвояш А. Музорева) ва Ташкилоти муттаҳидаи халқии Знмбабве (пешвояш Ҷ. Чирау), дар бобати «ба тартиб даровардани масъалаи дохилӣ» шартнома баста шуд. Совети давлатии иҷроия ташкил ёфт, ки ба вай Смит ва пешвоёни он ташкилотҳо дохил шуданд. Тамоми соҳаҳои асосии ҳокимият (армия, полисия, суд) пурра зери назорати сафедпӯстон монд. Совети Амнияти ТДМ ва ташкилоти ягонагии Африка ин шартномаро эътироф накарданд. Апрели 1979 дар натиҷаи интихоботи қалбаки Музорева сарвазири мамлакат шуд. Фронти ватандӯстон ин интихоботро эътироф накард. Онро Совсти Амнияти ТДМ (апрели 1979) ва конференсияи мамлакатҳои ба ҳам дӯст (августи 1979) маҳкум намуданд. 10 сентяӣри 1979 дар Лондон доир ба Родезияи Ҷанубӣ конференсияи конститутсионӣ кушода шуд, ки дар он роҳбарони Фронти ватандӯстон низ иштирок карданд. Феврали 1980 бори аввал дар мамлакат интихоботи озод шуда гузашт, ки дар он партияҳои Фронти ватандӯстон ғалабаи комил ба даст дароварданд, партияи Музорева бошад, ҳамагӣ ба 3 ҷой соҳиб шуд. 18 апрели 1980 мамлакат соҳибистиқлол эълон карда шуд.

Партияҳои сиёсӣ ва иттифоқҳои касаба. Иттифоқи миллии африкоии Зимбабве—Фронти ватандӯстон (ЗАНУ—ФВ), таъсисаш соли 1963. Иттифоқи халқи африкоии Зимбабве — Фронти ватандӯстон (ЗАПУ — ФВ), таъсисаш соли 1961. Совети муттаҳидаи миллии африкоии Зимбабве (ЗАНУ — С.). П а р т и я и демократии Зимбабве (ПДЗ), таъсисаш соли 1979. Ташкилоти муттаҳидаи халқии 3имбабве (ЗУПО), таъсисаш соли 1976. Ф р о н т и республикавӣ (ФР, то июли 1981 Фронти Родезия, таъсисаш соли 1962). Конгресси иттифоқҳои касабаи Зимбабве, таъсисаш соли 1980.

Иқтисодиёт. Республикаи Зимбабве Р. 3. мамлакати аграриву индустриалӣ ва побанди капитали хориҷӣ мебошад; асоси онро хоҷагии қишлоқ, саноати маҳсулотбарорӣ ва кӯҳкорӣ ташкил медиҳанд. Барои иқтисодиёти он 2 сектор характернок аст. Яке сектори европоист, ки қисми асосии хоҷагиҳои калони молии хоҷагии қишлоқ  ва саноатро дар бар мегирад. Маҳсулоти асосии хоҷагии қишлоқ  дар фермаҳои калони сафедпӯстон истеҳсол мешавад (зиёда аз 50% заминҳои беҳтарин дар дасти онҳост). Дигаре сектори африкоист, ки асосан аз хоҷагиҳои натуралӣ ва нимнатуралӣ иборат аст. Дар мамлакат ҷуворимакка, пахта, гандум, тамоку кишт мекунанд. Соли 1982 дар Республикаи Зимбабве Р. 3. 5,0 миллион сар гов, 2 миллион сар бузу гӯсфанд, 150 ҳазор сар хук буд. Дар саноат коргарони кироя кор мекунанд. Маъдани хром ва оҳан, ангишт, тилло, мис, никел, қалтъагӣ истихроҷ мешавад. Корхонаҳои металлургӣ, химия, коксу химия ва чӯбгарӣ, заводҳои мошин ва автомобилваслкунӣ дорад. Корхонаҳои саноати сабук ва хӯрокворӣ барои қонеъ гардондани эҳтиеҷи аҳолӣ ҳар гуна маҳсулот ме- бароранд. Соли 1983 стансияҳои электрӣ 4,5 миллиард килоВатт-соат қувваи электр истеҳсол карданд. Тӯли роҳи оҳан 2,6ҳазор километр. Дарозии роҳҳои автомобилгард 78,8 ҳазор километр. Республикаи Зимбабве Р. 3. ба хориҷа тамоку, асбест, мис, маъдани хром, шакар ба- роварда, аз хориҷа мошин ва таҷҳизот, сӯзишворӣ ва равғанҳои моли- данӣ, гандум ва ғайра мегирад. Шарикони асосии тиҷоратиаш: Республикаи Африкаи Ҷанубӣ, Британияи Кабир, Штатҳои Муттаҳидаи Америка, Республикаи Федеративии Германия, Япония. Вохиди пул — доллари Родезия.

Нигаҳдории тандурустӣ. Бино ба маълумоти ташкилоти Умумиҷаҳонии нигаҳдории тандурустӣ (1977) дар байни сафедпӯстон таваллуд ба ҳар 1000 нафар аҳолӣ 16,0, фавт 7,6, фавти кӯдакони навзод ба 1000 таваллуд 21,1 буд. Дарозии миёнаи умри аҳолии маҳаллӣ: мардҳо 48 сол, занҳо 49 сол. Касалиҳои инфексионӣ ва паразитарӣ (касалии сил, трахома, арақии шикампеч, махав ва ғайра) паҳн шудаанд.

Сои 1974 дар мамлакат 253 касалхонаи дорои 19,3 ҳазор кат (3,1 кат ба 1 ҳазор аҳолӣ), аз он ҷумла 106 касалхонаи давлатии дорои 11 ҳазор кат ва 147 касалхонаи хусусии дорои 8,3 ҳазор кат буд. Соли 1973 ба аҳолӣ 1035 духтур (1 духтур ба 5,7 ҳазор кас), 2,3 ҳазор фелдшер, 162 духтури дандон, 329 фармасевт ва қариб 10 ҳазор корманди дорои маълумоти миёнаи тиббӣ хизмат мерасонд. Мактаби тиббии коллеҷи назди университет духтур, касалхонаҳои давлатии марказӣ (Хараре ва Бӯлавайо) ҳамшираи тиббӣ ва акушерҳо тайёр мекунанд.

Маориф. Мӯҳлати таълими ибтидоӣ 8 сол буда, он аз 3 зина иборат аст: мактаби 2-солаи тайёрӣ, мактаби ибтидоии 3-солаи гурӯҳи хурдсолон ва мактаби ибтидоии 3-солаи гурӯҳи калонсолон. Соли 1956 доир ба таълими ҳатмии ибтидоӣ қонун қабул шуда буд, аммо он пурра иҷро нагардидааст. Бино ба маълумоти соли 1977 тақрибан 90% кӯдакони аз синни 6 то 16-солаи африкоӣ соҳиби маълумоти синфи 5 ва нисфи онҳо синфи 8 гардиданд. Таълим ба забони модарӣ мегузарад. Мактаби миёна, ки он асосан фарзандони синфи дороро дар бар мегирад, дар базаи мактаби 8-солаи ибтидоӣ ташкил шуда, аз се зина иборат аст: мактаби 2-солаи ибтидоии миёна, мактаби 2-солаи мобайнӣ ва мактаби 2-солаи миёнан пурра; мактаби миёнаи пурра се шӯъба дорад: академӣ, техникӣ ва хоҷагии қишлоқ. Таълим ба забони аиглисӣ мегузарад.

Соли таҳсили 1978/79 дар 2962 мактаби ибтидоӣ 838 205 хонанда, дар 186 мактаби миёна 71790 хонанда таҳсил кард. Соли таҳсили 1978/79 дар 18 мактаби касбҳои техникӣ 1262 хонанда, дар 2 мактаби миёнаи махсус 4333 хонанда, дар 12 коллеҷи педагогӣ 2982 студент, дар 2 коллеҷи хоҷагии қишлоқ 133 студент буд. Мактабҳои олӣ: Университи Родезия(таъсисаш 1955) дар Хараре чунин факултетҳо дорад: гуманитарӣ, техникӣ, педагогӣ, тиббӣ, табиатшиносӣ, ҷамъиятшиносӣ. Соли таҳсили 1978/ 79 он 2303 студент дошт. Ба университет институтҳо вобаста карда шудаанд: маркази тадқиқотҳои байниирқӣ, институти таълими калонсолон, инмтитути педагогӣ, институти кӯҳкорӣ, Маркази таълими илмҳои табиатшиносӣ. Институти политехникии Хараре (таъсисаш 1927) аз ҷумлаи мактабҳои олист. Музейҳои калон: Музеи миллӣ дар Булавайо (таъсисаш 1901), Нигористони миллӣ дар Хараре (таъсисаш 1957), Музеи ёдгориҳои санъати ҳайкалтарошӣ дар Хараре ва ғайра. Китобхонаҳо: китобхонаи парламент (таъсисаш 1899), китобхонаи оммавӣ (таъсисаш 1896), китобхонаи университет ва дигар.

Ҷамъиятҳои илмӣ: Ҷамъияти хоҷагии қишлоқи Зимбабве дар Хараре, Ассотсиасияи ветеринарӣ, Ассосиатсияи географии Зимбабве, Ассосиатсияи илмҳои табиатшиносӣ, ҷамъияти тиббӣ ва ғайра.

Муассисаҳои тадқиқоти илмӣ: Советӣ тадқиқотҳои соҳаи хоҷагии қишлоқи Зимбабве, Департаменти тадқиқотҳои илмӣ ва ғайра.

Матбуот, радио, телевизион. Соли 1979 дар мамлакат 2 газетаи ҳаррӯза ва даҳҳо дигар нашрияҳои даврӣ чоп мешуданд. Газетаҳои ҳаррӯза: «Гералд» (ТЬе НегаМ), «Кроникл» («ТЬе СЬготс1е»), «Санди мейл» («Випбау МаЛ»), «Зимбабве пиплз войс» («ТитЬаЬиге Реор1е’зУ01се»),органи партияи Иттифоқи халқи афрккоии Зимбабве (ЗАПУ). Журналҳо: «Иляюстрейтед лайф Родеаия» («1и- из1га1е<1 Ы1е НЬоёез^а»), «Аутпост» («Аи1роз1»). Ба ғайр аз ин, дар мамлакат агентии хусусии ахборотии Интер-Африкэн ньюс Эйдженси (1п1ег- А£псап Кето А#епсу Ь1б), филиали агентии ахбороти Республикаи Африкаи Ҷанубӣ Саут Африкан пресс ассошиэйшн амал мекунад. Корпоратсияи радиои Зимбабве (НЬо- Зез1а ВгоабсазЦп# СогрогаИои) ва корпоратсияи телевизиони Зимбабве (НЬобез1а Те1еу1з10п СогрогаИоп) ба кори идораи радио ва телевизион назорат мекунад. Барномаи радио ва ахбороти телевизион ба 3 забони маҳаллӣ—исиндебеле, шона ва нянҷа бурда мешавад. Телевизион аз соли 1960 кор мекунад.

Меъморӣ ва санъати тасвирӣ. Бозёфтҳои археологии Республикаи  3имбабве ба давраи палеолит мутааллиқанд. Дар асри 19 комплекси харобаҳои сангини Зимбабве, Дхло-дхло ва ғайра кушода шуданд. Барои биносозии маҳаллӣ хонаҳои мудаввари бомашон конусӣ хосанд. Дар охири асри 19 шаҳрҳое бунёд шудаанд, ки онҳо аз ҷиҳати ҷойгиршавии иморатҳо ба шабакаи шоҳмот шабоҳат доштанд. Аз солҳои 1950 санъати шаҳрсозӣ ҳамоҳанги санъати меъмории Европаи Ғарбӣ гардид. Аз рассомони мӯрсир С. Сонго, Ҷ. Ндандарнгка, ҳайкалтарошои Т. Дубе, Б. Мтеки маъмуланд. Кандакории чӯб, кулолгарӣ ва ғайра яке аз ҳунарҳои анъанавии халқҳои республика мебошад.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …