Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «РЕСПУБЛИКАИ КРАСНОЯРСК»

«РЕСПУБЛИКАИ КРАСНОЯРСК»

r-kr

«РЕСПУБЛИКАИ  КРАСНОЯРСК», ҳокимияти Совети муттаҳидаи депутатҳои коргарон ва солдатҳо, ки аз 6 декабри 1905 то 4 январи 1906 дар шаҳри Красноярск вуҷуд дошта, ба таърихи Револютсияи 1905—07 бо ҳамин ном дохил гардид. Пеш аз Совет Комиссияи интихобии коргарони Красноярск, ки 20 октябри 1905 дар рафти Корпартоии сиёсии октябр ташкил ёфта буд, бо сардории болшевикон кор мекард. Комиссия бо салоҳдиди худ рӯзи кори 8-соата муқаррар кард,  дружинаҳои коргарӣ ташкил ва ба корпартофтагон роҳбарӣ намуда, бо соҳибони корхонаҳо гуфтушунид мекард, алоқаи байни коргарону солдатҳоро ба амал мебаровард. 6 де- кабр Совети муттаҳидаи депутатҳои солдатҳо ва коргарон ташкил карда шуд, ки ба ҳайати он тақрибан 120 кас (болшевикон, коргарон ва солдатҳои бепартиявӣ, меншевикон, эсерҳо) интихоб гардид. Дар ҷараёни корпартоии солдатҳои баталони роҳи оҳан (8—13 декабр) Комитет (Совет)-и депутатҳои солдатҳои гарнизони Красноярск ташкил ёфт. 10 декабр Комиссияи интихобӣ ба Совети депутатҳои коргарон табдил дода шуд. Ҳар се совет дар як вақт амал мекард. Корпартони умумии сиёсӣ, ки 8 декабр сар шуд, ба шӯриш табдил ёфт. Совети муттаҳида 9 декабр намоиши мусаллаҳи коргарон ва солдатҳоро гузаронида, ҳокимиятро дар шаҳр ба даст гирифт. Вале дар натиҷаи хатоиҳои Комитети муттаҳида «Республикаи  Красноярск» шикаст хӯрд. Январ-феврали 1907-ум 9 солдат —ишти- рокчии шӯриш ҳар кадоме ба мӯҳлати 8 сол бадарға шуда, бештар аз 160 коргар ва солдат ба мӯҳлатҳои гуногун  ҳабс шуданд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …