Маълумоти охирин

ПӮСТ

pust

ПӮСТ, пӯшиши берунии (рӯй) бадани ҳайвонот ва одам, ки вазифаи аз таъсироти муҳити беруна муҳофизат кардани организм, эҳсос, мубодилаи модда (аз ҷумла мубодилаи газҳо), ихроҷ ва асосан танзими ҳароратро адо мекунад Пӯст ба ворид шудани микроорганизмҳо ва моддаҳои заҳрнок ба организм монеъ мешавад, таъсироти механикӣ, ҳарорат ва дардро ҳис менамояд, ранги ҳайвонотро муайян мекунад, моддаҳои бадбӯй, заҳрнок ё ғизоӣ ҷудо меку­над. Пӯст аз ду қабат иборат аст: қабати берунӣ (пӯстпарда ё эпидер­мис) ва дарунӣ (Пӯстии аслӣ ё дерма). Ин қабатҳо аз ҳам ба воситаи мемб­ранаи асосӣ ҷудо шудаагд . Дар пӯстпарда миқдори бисёри ғадудҳои як ва бисёрҳуҷайравӣ мавҷуданд. Моддаи сахте, ки пӯстпарда ҷудо мекунад, ҳамчун ҷузъи муҳофизавӣ хизмат мекунад, (масалан, гӯшмоҳии пармбаданҳо, сири пулакчаи наҳанг).

Пӯсти яслӣ ë худ дерма нахҳои коллагенӣ ва эластикӣ ҳосил мекунад. Ба туфайли ин нахҳо Пӯст мустаҳкам ва чандир мешавад. Масоҳати Пӯсти одам 1,5—2 м2 аст. Ғафсии он дар қисмҳои гуногуни бадан аз 0,5 то 4 мм мешавад. Пӯстпардаи Пӯсти одам аз эпителияи бисёрқабата ба вуҷуд омадааст. Ҳуҷайраҳои қабати рӯи он ба моддаи шохин табдил ёфта, пеш-пеш мерезанд ва онҳоро ҳуҷайраҳои наве иваз мекунанд, ки дар қабати дарунтари сабзандаи пӯстпарда ҳосил мешаванд. Пӯсти аслӣ аз ду қабат иборат аст: қаба­ти пистонакдор ва қабати тӯрӣ. Қабати пистонакдор ба ғайр аз бофтаи пайвасткунанда нахҳои коллагенӣ, эластинӣ ва мушакҳои суфта дорад. Пистонакҳо қатор-қатор (раста-раста) ҷойгир шудаанд. Қабати туршакл аз бофтаи зичи пайвасткунанда, ки бандчаҳои нисбатан ғафси нахҳои коллагенӣ ва эластикӣ ҳосил мекунанд, иборат аст. Дар ин қабат фоликулаҳои мӯй ва ғадудҳо ҷойгир шудаанд. Пӯстпарда ва Пӯсти аслӣ пигмент доранд, ки он аз як тараф бофтаро аз шӯои ултрабунафш муҳофизат кунад, аз тарафи дигар ба пӯст ранг мебахшад. Рагҳои хуни Пӯст дар қабатҳоп чуқури он системаи артерияҳои Пӯстро ҳосил мекунанд, ки аз онҳо рагҳо ба қабати болоии Пӯсти мебароянд. Рагҳои лимфа дар қабати пистонакдори Пӯсти аслӣ ҷойгир шудаанд. Дар Пӯст ба миқдори зиёд нӯги асабҳои ҳассос (ресепторҳо) мавҷуданд, ки онҳо реаксияи ҷавобии организмро ба таъсироти тағйирёбандаи муҳити беруна таъмин менамоянд. Дар 1 см2 сатҳи Пӯсти 100—200 нуқтаи ҳисси дард, 12—15 нуқтаи ҳисси хунукӣ ва 1— 2 нуқтаи ҳисси гармӣ мавҷуд аст. Пӯсти кафи даст, нӯги ангуштон ва пӯӣи бинӣ нисбат ба Пӯсти қисмҳои дигари бадан ҳассостар мебошад. Яке аз вазифаҳои асосии Пусти одам танзими ҳарорат аст. Қариб 80%-и доду гирифти гармӣ ба воситаи Пӯст мегузарад. Дар асл мубодилаи ҳамаи газҳо ба воситаи Пӯст ба вуҷуд меояд, вале мубодилаи оксигену гази карбонат ҳамагӣ 4— 1,5% мебошад, Пӯст инчунин дар мубодилаи обу намак, ангиштоб, сафеда, ферментҳо ва ғайра мақоми калон мебозад. Баъзе моддаҳо бо пӯст ҷаббида мешаванд, ки истеъмоли як қатор доруҳо ба ин ҳол асос карда шудааст.

Оид ба бемориҳои Пӯст ниг. Бемориҳои пӯст. Дерматология.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …