Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ПУНКТИ ТРИГОНОМЕТРӢ

ПУНКТИ ТРИГОНОМЕТРӢ

ПУНКТИ ТРИГОНОМЕТРӢ, п у н к т и  триангулятсия, пункти геодезиест (ниг. Пунктҳои геодезӣ), ки мавқеи он дар сатҳи Замин бо усули триангулятсия муайян карда шудааст. Дар Замин иншооти мах­сус— марказҳои геодезӣ месозанд, ки онҳо чун аломати Пункти тригонометрӣ маҳал хизмат мекуианд. Координатаҳои уфуқии Пункти тригонометрӣ аз триангулятсия ҳисоб карда мешаванд. Баландии онро (нисбат ба сатҳи баҳр) бо усули нивелиронии тригонометрӣ ё геометрӣ муайян мекунанд. Пункти тригонометрӣ чун пунктҳои полигонометрӣ шабакаи асосии геодезиро ташкил медиҳад ва дар корҳои нақшабардориҳои типографӣ, инчунин дар ченкуниҳои геодезӣ истифода мешавад.

punkti-trigonometri

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …