Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ПТИТСИН Григорий Викторович

ПТИТСИН Григорий Викторович

ptitsin-g

ПТИТСИН Григорий Викторович (1911, Кострома—1942, Ленинград), адабиётшинос, нависанда ва мутарҷими советии рус. Аз оилаи муаллим. Шӯъбаи тоҷикии Университети давлатии Ленинградро соли 1937 хатм намудааст. Таҷрибаомӯзиро дар идораи журнали «Барои адабиёти сотсиалистӣ» гузаронид. Қасидаи «Шикоят аз пирӣ»-и Рӯдакӣ («Хрестоматия по литературе народов СССР», М., 1947), якчанд боби достони «Хусрав ва Ширин»-и Низомии Ганҷавӣ («Литературный Азербайджан», 1939), повести «Мактаби кӯҳна»-и С. Айнӣ (1937), шеърҳои М. Аминзода, А. Деҳотӣ, М. Раҳимӣ, Ҷ. Суҳайлиро тарҷума кардааст (китоби

«Гулистон», Сталинобод, 1939). Аз таълифоти Птитсин ҳикояҳои «Люсик», «Ванян содда», «Мусича» ва шеъри «Соати бурҷ», ки дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—1945) нашр гардида буданд, боқӣ мондаанд. Шеъ­ри «Соати бурҷ» ва «Мактубҳо аз муҳосира» дар маҷмӯаи «Бессмертие» («Ҷовидонӣ», 1965) дарҷ шудаанд. Птитсин муаллифи фоҷиаи «Хусрав ва Ширин» мебошад, ки ба забони тоҷикӣ тарҷума шуда, дар Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба М. Воҳидов 5а саҳна гузошта шуд (1080).

Чапнд асари илмӣ, аз қабили «Баёзаи асри 16 аз Ҳирот», «Оид ба масъалаи географияи «Шоҳнома», «Ашъори Сайидо ҳамчун сарчашмаи таърихӣ» ба қалами Птитсин тааллуқ доранд, ки дар Шӯъбаи таърихи мадаынят ва санъати Шарқи Эрмитажи давлатии Ленинград нигоҳ дошта мешаванд. Аъзои ИН CССP аз соли 1938.

Ад.: Писатели Таджикистана. Д., 1976.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …