Маълумоти охирин
Главная / Биология / ПРОКАРИОТҲО

ПРОКАРИОТҲО

prokariota

ПРОКАРИОТҲО, организмҳои тоядроӣ (Prokariota), организмҳoe, ки ядрои ҳақиқӣ ва аппарати хромосомӣ надоранд. Ба Прокариотҳо бактерияҳо, обсабзҳои кабудтоб, риккетсияҳо, микоплазмаҳо ва як қатор органазмҳои дигар мансубанд. Мувофиқи системаи навтарини олами органикӣ Прокариотҳоро ба зикароитҳо муқобил мегузоранд. Субстрати моддӣ торҳои кислотаи дезоксирибонуклеат (КДН) буда, дар маркази организм ҷойгир шудааст ва дар Прокариотҳо вазифаи гузаронидани ахбори ирсиро адо мекунад. Ин қисми организм н у к л е о и ҷ номида мешавад. Дар Прокариотҳо ин қисм аз ситоплазма ба воситаи мембрана ҷудо карда нашудааст. КДН бо сафедаҳо (гистонҳо) пайваст намебошад, яъне пуклеогистон ҳосил намекунад ва кори генҳо ба воситаи метаболитҳо танзим карда мешавад. Прокариотҳо митохондрия ва қамчинакҳои мураккаб низ надоранд. Прокариотҳо дар гардиши моддаҳо дар биосфера роли ка­лон мебозанд.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …