Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Петров Иван Ефимович

Петров Иван Ефимович

Петров Иван Ефимович (30. 9. 1896, шаҳри Трубчевск, ҳозира вилояти Брянск—7. 4. 1958, Москва), ходими _____ ҳарбии советӣ, генерали армия (1944), Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ  (1945). Аъзои КПСС аз соли 1918. Аз соли 1918 дар Ар­мияи Сурх. Иштирокчии            Ҷ а н г и гражданӣ (1918— 1920). Солҳои 1926 ва 1931 курсҳои такмили маҳорати командиронро хатм намуд. Солҳои 1029, 1931—1932 дар муборизаи зидди босмачиён сардори полки аскарони савора ва дивизияи тирандозӣ буд. Аз соли 1933 сардори Мактаби ҳарбии муттаҳидаи Осиёи Миёна (баъдҳо омӯишгоҳи Ҳарбии қушунҳои пиёда дар Тошкент).

Солҳои Ҷангн Бузурги Ватанӣ командири дивизиии тирандозӣ, фармондеҳи қушунҳои Армияи1 Приморий, Армиян 44-ум, гурӯҳи қушунҳои Баҳри Сиёҳ, Фронти Закавказия, Фронти Кавкази Шимолӣ, Армияи 33-юми Фронти Ғарбӣ, Фронти 2-юми Белоруссия, Фронти 4-уми Украина ва сардори штаби Фронти 1-умн Украина буд. Баъди ҷанг, аз июли 1945 фармондеҳи қушунҳои Округи ҳарбии Туркистон. Аз июли 1952 ҷонишини якуми саринснектори Армияи Советӣ.

Аз апрели 1953 сардори Саруправленияи тайёрии ҷангӣ ва ҷисмонӣ, аз марти 1955 ҷонишини якуми сарфармондеҳи қушунҳои хушкигард, аз январи саринспектори Вазорати мудофиаи СССР, аз июни 1957 сармушовири илмии ҷонишини вазири мудофиаи СССР. Депутати Совети Олии СССР (даъватҳои 2—4). Бо 5 орденн Ленин, 4 орденн Байрақи Сурх, ордени Суворов (дараҷаи 1), ордени Кутузов (дараҷаи 2), орденҳои Байрақи Сурхи Меҳнат, Ситораи Сурх, орденҳои Байрақи Сурхи РСС Туркманистон ва РСС Ӯзбекитсон, якчанд орденҳои хориҷӣ ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …