Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Персонализм

Персонализм

Персонализм (аз лот. реrsona— шахс, симо), ҷараёни теистист дар фалсафаи муосири буржуазӣ, ки шахсиятро реалияти эҷодии ибтидоӣ ва ҷаҳонро зуҳуроти фаъолия­ти эҷодии шахсияти олӣ (худо) медонад. Персонализм охири асри 19 дар Россия ва ШМА, солҳои 30 асри 20 дар Франсия ва мамлакатҳои дигар ташаккул ёфтааст.

Персонализм плюрализми идеалистиро ба принсипи монизм ва панлогизми идеалистӣ муқобил гузошта, ба ин васила принсипи теизмро тарафдорӣ мекунад. Персоналистон ба ҷои субъекти фалсафаи классики шахсияти одам ва зоту зуҳуроти фардии он (яъне субъекти фаъол)-ро ба мадди аввал мегузоранд. Ҳамин тариқ шахсият (фардият) ба категорияи асосии плоҳӣ, ба асоси зуҳуроти ҳастӣ табдил меёбад. Мувофиқи таълимоти Персонализм, фардро худо меофарад ва он ба мафҳуми ҳастӣ табдил ёфта, асоси зуҳуроти ҳастӣ дониста меша­вад. Аз ин рӯ, фард ва таҷрибаи ӯ моҳияти ягонаи реалият мебошад, вале манбаи асосии фард (шахсият) на ба худи ӯ, балки аз ҳастии ягона (худо) вобаста аст. Пайдоиши Персонализм аломати бӯҳрони ҷаҳонбинии позитивистӣ ва инкишофи тамоюли ирратсионалистӣ мебошад.

Муиофиқи таълимоти Персонализм, робитаҳои сершумору мураккаби муносибаҳои ҷамъиятӣ ва иҷтимоӣ, ки фардро иҳота намудаанд, ба ӯ имкон намедиҳанд, ки «Ман»-и нотакрори худро собит намояд. Тезиси оҷодии иро­да моҳияти асосии таълимоти Персонализмро дар бораи шахсият ташкил медиҳад. Персонализм ҳалли масъалаи қонуниятҳои инкишофи иҷтимоиро на бо маърифати растионалистӣ, балки ба қувваи шахс ва иродаи ӯ алоқаманд медонад. Мувофиқи таълимоти Персонализм, шахс ба воқеият муносибати душманона дорад. Аз ин рӯ, ҳаёти хақиқии шахс танҳо аз рӯзи алоқаро аз муҳит баркандани ӯ сар мешавад. Шахс барои дарёфтани роҳи дуруст бояд дар олами худ фурӯ равад. Дар ҳалли масъалаҳои иҷтимои Персонализми америкоӣ ва франсавӣ аз ҳам фарқ мекунанд.

Таҷрибаи таърих нишон медиҳад, ки таълимоти Персонализм— дигаргунсозии ҳаёти иҷтимоӣ ва маънавии шахс хусусияти утопиявӣ дорад. Дар айни замон нуфузи Персонализм ба афкори доираҳои муайяни олами капитал хело кам шудааст, масъалаҳои асосии онро неотомизм ва хусусан экзистен­сиализм таҳқиқ менамояд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …