Маълумоти охирин

Пебрина

Пебринаи к и р м а к и  а б р е шим, нозематози кирмак, як навъ касалии кирмак ва дигар намудҳои ҳашароти пиллапеч. Ангезандаи ин касалӣ микроскоридия Nosema bombycis аст. Ба шапалаки абрешим, тухм, кирмак ва зочаи он зарар мерасонад. Кирмаки касал манбан пебрина аст. Наҷосат ва ҷасади кирмаки касале, ки дорои спораҳои барангезандаанд, омилҳои паҳнкунандаи Пебринаанд.

Кирмак аз фурӯ бурдани спораҳои касалиовар (бо хӯрок) сироят меёбад. Шапала­ки модина барангезандаи касалиро бо тухм ба насли худ мегузаронад. Кирмаки касал аз хӯрок ва инкишоф монда, дар рӯи пусташ доғҳои сиёҳ пайдо мешавад; пиллапечиаш суст шуда, худаш нобуд мегардад. Касалиро дар асоси тадқиқи микроскони ташхис мекунанд. Ч о р а ҳ о и  м у б о р и з а: тухми шапалакро дар ҳарорати 46°С 30 дақиқа гарм карда, хонаи кирмакдориро дезинфексия менамоянд.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …