Маълумоти охирин
Главная / Илм / Пайвастҳои мудохил

Пайвастҳои мудохил

Пайвастҳои мудохил, пай­вастҳои химиявие, ки дар натиҷаи ба ковокии панҷараи кристаллӣ ё молекулаи ягон модда даромадани молекулаи моддаи дигар ҳосил меша­ванд; молекулаҳои қабулшававда бояд конфигурасияе дошта бошанд, ки ба шакли „ковокӣ мувофик, ояд. Молекулаҳои дохилгаштаро дар Пайвастҳои мудохил қувваҳои байни молекулавӣ нигоҳ медоранд. Пайвастҳои мудохил  моддаҳои ноустувор буда, дар маҳлулҳо ба моддаҳое, ки аз онҳо таркиб ёфтаанд, чу­до мешаванд.

Пайвастҳои мудохилро барои аз ҳам ҷудо кардани омехтаҳо ба кор мебаранд. Масалан, карбамид барои чудо кардани карбогадридҳои хаттӣ ва тиокарбамид барои ҷудо  кардани карбогидридҳои шоха-шоха истифо­да мешавад. Алюмосиликатной калсию натрий (сеолитҳо)-ро бошад, барои хушконидани газҳо, аз ҳам ҷудо кардани моддаҳои гуногун, дар просессҳои муовизаи ионӣ ба кор мебаранд. Пайвастҳои мудохил дар хроматографияи адсорбсионӣ ва дигар соҳаҳои таҳлилӣ низ ба кор меравад.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …