Маълумоти охирин
Главная / Биология / Паттазор

Паттазор

Паттазор (буттача ва нимбуттача)-и фарох дар мавзеъҳои камбориши республика доман густурдааст. Асосан Набототии болиштакҳо, болиштакхор ва биёбонро дар бар гирифтааст. Болиштакҳо паттаҳои гуногуни махсуси сармопарварди баланд­кӯҳ (акантолимон, зӯлзада, зиббалдия вағайра) буда, шаклан ба «болишт» монанданд. Болиштакзорро чун чарогоҳи тобистона истифода мебаранд. Болиштакхорҳо аз растаниҳои хордори склероморфии «болишт-монанд» (эспарсет, акантолимон, нахӯдакҳои хордор) иборатанд. Болиштакхорҳо дар маҳалҳое, ки чун чарогоҳ бемайлон истифода шудаанд, нумӯ ёфтаанд. Растаниҳои хуби хӯрокӣ барҳам хӯрда, ба ҷои онҳо гиёҳҳои нохурдании хордор фаровон шудаанд. Болиштакхорҳо дар ҷойҳои сершах ва садглохи қаторкӯҳҳои Зарафшон, Қурама, Туркистон, инчунин Бадахшон фаровонанд. Б и ё б о н  ҳудуди фарохи камдолу дарахти республикаро фаро гириф­тааст. Набототии биёбон асосан аз нимбуттаву буттачаҳои ба беобӣ тобовар, гиёҳҳои хушадор ва ғайра иборат асг. Дар биёбони ҷанубу ғарби Тоҷикистон нимбуттаву дарахтони майда-саксавули сафед ва сиёҳ, ҷузғун, черкас ва диг. месабзанд. Онҳо дар регзори сертеппаи шимимоли республика низ ме­ руянд. Масоҳати зиёди он дар Тоҷикистони Ҷнубӣ ва соҳилҳои дарёи Сир ҷой гирифтааст. Ин ҷойҳоро чун ча­рогоҳи зимистона ва бахорона истифода мебаранд. Алафзор хеле гуногун аст: Алафзори баланд асосан аз гиёҳҳои хӯшадори хеле қадбаланд (3—5 м), ки дар шибарзамини дарёбоди Вахш, Кофарниҳон ва Панҷ мерӯянд (вай, сарнай, найшакари худрӯй, қиёғ, ғеша, растаниҳои печактана, буттаи газ ва ғайра) ташаккул ёфтааст. Марғзор асосан дар минтақаи миёнакӯҳ ва баландкӯҳ (кӯҳсори Ба­да хшон, қаторкӯҳҳои Ҳисору Дарвоз, Туркистон ва ғайра) ҷой гирифтааст. Шибарзамин аз гиёҳҳои қадпасти марғзори алпӣ (фақат дар ба- ландкӯҳҳо) дар ҷои серрутубат ба вуҷуд меояд. Дар он асосан ғеша мерӯяд. Масоҳати шибарзамин маҳдуд аст. Бештар дар Помир (водии дарёҳо) вомехӯрад. Алафи онро медараванд ва дар кӯҳҳо чун чаро­гоҳ истифода мебаранд. Дашт асосан минтақаи миёнакӯҳ ва баландкӯҳро дар бар мегирад. Масоҳати он чандон васеъ нест. Ба Набототи дашт чимак, ҷорӯбак, якчанд навъи ковил ва ғайра хос аст. Дар ни­шебиҳои шимоли қаторкуҳҳои Туркистон, Зарафшон, Ҳисор, Дарвоз ва ғайра дашт чарогоҳи асосии  тобистона ҳисоб меёбад. Эфемерҳо аз гиёҳҳои хурди намипарвард (ҷорӯбак, илох, ганду­мак, так-так), ки зимистону баҳор нумӯ мекунанд ва тобистон мехушканд, таркиб ёфтаанд. Бештар дар доманаи қаторкӯҳҳои Ҳисор ва Туркис­тон, инчунин дар баъзе маҳалҳои водиҳои Фарғонаву Зарафшон мерӯянд. Эфемерзорҳо чун чарогоҳи тирамоҳӣ ва зимистона истифода мешаванд. Соябонгулҳо асосан аз юған иборатанд. Дар ҷои чангалзор (минтақаи баландкӯҳ) ва буттазор (ба­ландкӯҳ), ки барҳам хӯрдаанд, нашъунамо ёфтаанд. Хоралафҳо аз ҳар гуна гиёҳҳои хордор (алалхусус хоралаф— кузиния) иборатанд. Дар минтақаи миёнакӯҳ ва баландкӯҳ дар натиҷаи бемайлон чаронидани чорво нумӯ кардаанд. Тақсимоти Наботот. Дар Тоҷикистон чун дар ҳама кишварҳои кӯҳсор минтақаҷои Наботот хеле хуб аёнанд ва ин ба намӣ, экспозитсия, хусусияти релеф, бод ва ғайра алоқаманд аст. Дар минтақаи поён Набототи субтропи- кии гармипарвард, дар баландиҳо Набототи сармопарварди алпӣ мерӯяд. Аз ин рӯ, на оид ба Набототи муштараки Тоҷикистон, балки дар хусуси мин- тақаҳои ҷудогонаи мавзеву ноҳия­ҳои он сухан рондан мумкин аст. Ноҳияҳои Набототи Тоҷикистон инҳоянд: Ҳ и с о р у Дарвоз (нишебиҳои Ҷануби қаторкуҳҳои Ҳисор, охирҳои ғарби Пётри I ва як қисми нишобиҳои шимолии Дарвоз). Набототии ин ҷо фаровон аст, зеро ба нашъунамоӣ хуби он боришот мусоидат мекунад. Набототи ноҳия аз минтақаҳои эфемеру гандумакзор (800—1700 м), буттаву дарахтзор (1200—2800 м), дашти хоралафзор (2400—3500 м) ва марғзори алафаш паст (3400—3800 м аз сатҳи баҳр) иборат аст. Туркистон (нишебиҳои шимоли қаторкӯҳи Туркистон). Набототи ин ҷо ба минтақаҳои биёбони шибоғзор (400 —1200 м), эфемерҳо бо гандумаку настаран (1200—1800 м), чимакзори фароху арчазор (1800—2800 м) ҷу­до шудааст. Дар қаторкӯҳи баландкӯҳ дашти сералаф (хушадорҳо ва ғайраҳо; 2800—3400 м) аз болиштакҳои хордор, инчунин марғзори алафаш қадпаст ва болиштакҳо (3400—4000 м) ҷой гирифтаанд. Зарафшон (ҳавзаи дарёи Зарафшон). Аз ҷиҳати Наботот ба ноҳияи Тур­кистон хеле монанд аст. Набототи он аз минтақаҳои зерин иборат: биёбони ушнону шибоғзор (1200—2000 м); биёбони шибоғзор, арчазор ва дашт (2000—2700 м); дашт, хоралафу ар­чазор (2700—3400 м), болиштаку хоралафзор (3400—4000 м). Қ у р а м а (нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Қурама). Дар ин ҷо минтақаҳои би­ёбони шибоғзор (350—1000 м), шибоғзору эфемерҳо (1000—1800 м), арчазор бо чимаку гандумак (1800— 2500 м), чимакзор бо болиштакҳои хордор ва ғайра (2500—3200 м) ҷойгиранд. Тоҷикистони Ҷанубӣ (ҷанубу ғарби Тоҷикистон). Набототи он нисбатан якранг аст. Минтақаҳои эфемерҳои ҷорубаку ғешазор в а биёбон (300—900 м), эфемерҳой қадпаст, дар баъзе ҷойҳо пиставу бодомзор (900—1700 м), арчазор ва дашт (1700—2300 м) мавҷуданд. Бадах шо н (Помири Ғарби, Ванҷ, Рушон, Шуғнон, Вахон). Ба набототи он минтақаҳои биёбони шибоғ­зор (1800—2700 м), биёбондашти ши­боғзор (2700—3200 м), биёбони акантолимону шибоғзор (3700—4200 м) ва болиштакзор (4200—4800 м) хосанд. Пиряхистони Помири Шимолӣ (ноҳияи пиряхи Федченко). Ҳудуди онро ях пӯшидааст. Набототи марғзор ва даштӣ мерӯяд, инчунин болиштакҳо (дар қитъаҳои хурди беях) вомехӯранд. Помири Шарқӣ (баландкӯҳи қаҳратуни Помири Шарқӣ). Набототи ин ноҳия аа минтақаҳои биёбони баландкӯҳи терескену болиштакзор (3500—4200) ва болиштаку анантолимонзор ва ғайра (4200—4800 м) ибо­рат аст. Олами набототи Тоҷикистон аз растаниҳои муфид бой аст. Дар тибби халқӣ тадқрибан 1500 намуди ростанизҳои доруӣ (аз рӯи ҳисоби пешакии М. Ҳоҷиматов) истифода мешаванд; paстаниҳou даббоғӣ, растаниҳои техникӣ, растанҳои витаминдор, растаниҳои нахдор, pacтаниҳou рангдор, растаниҳои равғани эфирдор, растаниҳои хӯроки чорво, растаниҳои равғандор, растаниҳои оро- ишӣ, растаниҳои заҳрнок ва ғайра фаровонанд. Аа буттаву дарахтони ҷангал мева (чормағз, себ, олуча, қот, писта, зирк ва ғӯйра) меғундоранд. Дар водӣ ва куӯҳу баландкӯҳ гулҳои базеб (лола, савсан, сич, холмон, маҷаҳ» батман ва ғайра), хушбӯю ғизоӣ (зира, ревоҷ, торон, сиёҳалаф, зирк, марминҷон, корав, ров, рошак ва ғайра) бисёранд. Наботот ҳусну таровати табиати куҳсор аст. Муҳофизати растанӣ як ҷузъи муҳими муҳофизати табиат аст. Ад.: Попов М. Г., Краткий очерк растителности Таджикистана, дар кит.: «Таджикистан», Ташкент, 1925; О вченников П. Н., Районы флоры Тад­жикистана, дар кит.: «Флора Таджикской ССР, т. 1, М.— Л., 1957; Ста нюкович К. В., Геоботаническое районирование Таджикистана. Атлас Таджикской ССР, Д.— М., 1968; Овчинников П. Н., Юнусов С. Ю., Некоторые проблемы ботаники, дар кит.: «Наука Советского Таджикистана», Д., 1974; Запрягаев а В. И., Лесные ресурсы Памиро- Алая, Л., 1976.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …