Маълумоти охирин
Главная / Илм / Пароканиши рӯшноӣ

Пароканиши рӯшноӣ

Пароканиши рӯшноӣ, ба самтҳои имконпазир парешидани дастаи рӯшноии дар муҳит паҳншавандаро гӯянд. ки дар натиҷаи таъсири мутақобили он бо модда ба амал меояд. Пароканиши рӯшноӣ ҳамчун афканишоти ғайрихусусии модда зоҳир мешавад. Афканишоти ғайрихусусӣ натиҷаи лаппишҳои маҷбурии электронҳо дар атоми муҳити паро- кандакунанда мебошад, ки ин лаппишҳо аэ таъсири шуои афтанда ба вуҷуд меоянд.

Пароканиши рӯшноӣ хангоми паҳншавиаш дар муҳити аз ҷиҳати оп­тики ғайриякҷинса, ки нишондоди шикасти он ба сабаби якхела набудани зичӣ (пароканиши молеку­ла в ӣ) ё мавҷудияти зарраҳои бе­тона дар муҳит (Пароканиши рӯшноӣ дар муҳити тира ) аз нуқта ба нуқта тағйир меёбад, ба вуҷуд омада метавонад. Ранги осмон ва намудорӣ дар атмос­фера ба Пароканишоти рӯшноӣ алоқаманд аст. Пароканишоти рӯшноӣ барои омӯхтани сохти модда, чен кардани тирагии муҳит (нефеломет­рия), дар тадқиқоти астрофизикӣ, барои назорати просессҳои техноло­гӣ ва ғайра истифода мешавад. Нигаред низ Парокапиши комбинасионии рӯшноӣ.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …