Маълумоти охирин
Главная / Илм / Палладий

Палладий

Палладий (лотинӣ Palladium— ба шарафи кашфи саиёраи хурди Паллада чунин номида шудааст), Рd, элементи химиявии гурӯҳи VIII системаи даврии Менделеев, рақами атамиаш 46, массаи атомиаш 106,4; рангаш нуқратоб, зичиаш 12020 кг/м3, 1 гуд. 1552° С, t ҷӯш. 3980° С аст. Палладии табиӣ аз 6 изотопи собит (102Рd, 104Рd, 106 Рd, 106 Рd, 108Рd, 110Рd) иборат аст. Палладийро соли 1803 олими англис У. Вол­ластон кашф кардааст. Палладии металли аз ҳама сабук ва нарми гурӯҳчаи металлҳои платинӣ буда 10-6% мас­саи қишри заминро ташкил меку­над. Дар табиат дар ҳолати худрӯй ё хула (бо металлҳои нодир ва пайвастҳои химиявӣ) дучор мешавад.

Пайвастҳояш одатан 2 ва 4, баъзан 3-валента буда, пайвастҳои 2-валентааш бештар устуворанд. Аз ҷиҳати химиявӣ дар байни металлҳои гурӯҳчаи платинӣ аз ҳама фаъолтар аст. Дар шаҳшароб, кислотаҳои нит­рат ва сулфати ҷӯшон ба осонӣ ҳал мешавад. Ҳангоми то  700° С тафсонидан бо қабати оксид пӯшида ме­шавад. Дар ҳарорати мӯътадил бо хлор ва бром, дар вақти то сурх шудан тафсонидан бо фтори хушк ва сулфур ба реаксия дохил мешавад.

Бо оксиген РdO, РdO2 бо галогендҳо РdF2, РdF3, РdCL2, РdJ2 ва бо сулфур РdS ва РdS2  ҳосил мекунад. Палладий хосияти хуби гидрргенфурубарӣ дорад (1 ҳаҷм Палладий тахминан 900 ҳаҷм гидрогенро фурӯ мебарад). Аксар намакҳои Палладий дар об нағз ҳал мешаванд. Палладийро дар саноат аз маъданҳои сулфидии мису никел якҷоя бо пла­тина ва маъданҳои тилло ҳосил мекунанд. Палладий ва хулаҳои онро дар электротехника, саноати химия, ҷаводирот, стоматология ва ғайра истифо­да мебаранд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …