Маълумоти охирин

Озодӣ

Озодӣ, дар асоси дарки зарурати объективӣ мувофиқи дараҷаи дониш, имконият ва қобилияти фаъолияти худ амал кардани одам. Озодии одамон ба дарк ва истифодаи қонуниятҳои объективии табиат асос меёбад. Масъалан Озодӣ дар таърихи афкори ҷамъиятӣ, аз рӯи анъана ба саволи оё одам озодии ирода дорад ё не, нисбат дода мешуд.

Фаҳмиши материалистии таърих тасаввуроти идеалистиро дар бораи он, ки Озодии шахсият ба шароитхои объективӣ вобастагӣ надорад, рад мекунад. Марксизм бар зидди муқобилгузории метафизикии Озодӣ ва зарурат низ мебарояд. Фаҳмиши марксисти Озодӣ ва алоқаи мутақобилаи диалектикии он бо зарурат аз тасаввуроти волюн­таристӣ, ки бесарусомониро тарғиб менамояд ва фаталистӣ, ки онро чуп сарнавишт медонад, ба куллӣ фарқ мекунад.

Зеро одамон дар фаъолияти амалии ҳаррӯзаашон на ба зарурати абстрактии вуҷуддошта, балки бо таҷассуми конкретии таърихии он сару кор доранд, ки дар шакли муносибатҳои реалии иҷтимоию иқ­тисодӣ вуҷуд доранд. Гарчанде одамон дар интихоби шароитҳои объективии рафтори худ озод набошанд ҳам, бо вуҷуди он дар интихоби мақсадҳои худ ба дараҷаи муайян Озодӣ доранд.

Зеро дар дар як лаҳзаи мазкур на як, балки якчанд имкониятҳои реалӣ вуҷуд доранд. Аз ин рӯ, Озодӣ мутлақ нею нисбӣ буда, дар ҳаёт ба роҳи интихоби плани муайяни амалиёт равона карда мешавад. Озодӣ ҳар чи қадар зиёд бошад, одамон имкониятҳои реалии худро ҳамон қадар хубтар дарк мекунанд.

Аз ин ҷо таърифи марксистии Озодӣ чун «донистани зарурат» ба миён меояд, ки мувофиқи он Озодии шахси­ят, коллектив, синф ва ҷамъият умуман «на аз хаёлан ба қонунҳои табиат тобеъ набудан…», балки бо қобилияти «дар асоси донистан қарор қабул кардан», интихоб намудан вобаста аст (Энгельс Фридрих, Анти-Дю­ринг, Душанбе, 1975, саҳифаи 115).

Озодӣ ба ҳеҷ ваҷд маънои бесарусомониро ифода намекунад. Озодии абстрактӣ умуман вуҷуд надорад. Озодӣ ҳамеша конкретӣ ва нисбист. Одамон ба Озодӣ вобаста ба шароити объективӣ ва вазъиятҳои конкретӣ ноил ва ё аз он маҳрум шуда метавонанд. Дараҷаи инкишофи қувваҳои истеҳсолкунанда, просессҳои объективии табиату ҷамъиятро дарк кардани одамон, сохти иҷтимоӣ ва сиёсии ҷамъияти мазкур андозаи Озодии наслҳои дар давраи конкретию таърихиро муайян меку­нанд. Озодии шахсият фақат қисми 0зодиест, ки ҷамъият умуман дар ихтиёри худ дорад.

Аз ин рӯ, чунон ки Владимир Илич Ленин таълимотл фардии Озодии анархистиро рад карда зикр намудааст, «дар ҷамъият зиндагӣ карда истода, аз ҷамъият озод будан мумкин нест» (Ленин Владимир Илич, Асарҳои, ҷилди 10, саҳифаи 36). Тақсимоти меҳнат, моликияти хусусӣ будани воситаҳои истеҳсолот ва ба синфҳои антагонистӣ чудо шудани ҷамъият дар формасияҳои антагонистӣ боиси ҳукмронии ман­фиатҳои ғайрирасмӣ ва просессҳои ба таври бешуурона амалкунанда мегарданд, ки аз ихтиёри одамон берун баромада ба оқибатҳои бади иҷтимоӣ оварда мерасонад.

Дар чунин шароит Озодии синфҳои ҳукмрон зарурати моликияти хусусӣ, сарватҳои моддӣ ва маънавиро идора кар­дани онҳо, ба фоидаи дигарон хизмат намудани синфҳои истисморшаванда, иродаи бегонаро иҷро намудани онҳоро тақозо мекунад. Ҳаҷми моликияти хусусӣ, ки имконияти саришта намудани неъматҳои моддию маънавиро ба миён меорад, ба андозаи Озодии фардӣ табдил меёбад.

Дар тӯли тамоми таърихи инсоният муборизаи одамон ба муқобили маҳдудкунии Озодии иҷтимоӣ дар кадом шакле, ки зуҳур ёфта бошад, қувваи тавонои ҳаракатдиҳанда ва прогресси ҷамъиятӣ буд. Озодӣ ва баробарӣ дар Европаи Ғарбӣ ва Аме­рикаи Шимолӣ дар арафаи револютсияҳои буржуазӣ чун баробарии табиии одамон эълон карда шудаанд, ки ҳуқуқҳои якхелаи истифодаи комёбиҳои тамаддун, идора намудани маҳсули меҳнату қисмати худро ифода мекард.

Буржуазияи прогрес­сивӣ дар таҳти шиори «Озодӣ, баро­барӣ, бародарӣ!» оммаи халқро аз қафои худ ба мубориза бар зидди феодализм бурдааст. Таърихи ҷамъияти капиталистӣ таълимоти буржу­азии Озодиро инкор мекунад. Озодии шахсият ҳатто дар мамлакатҳои мутараққии капиталистии муосир ба андозаи муайян қалбакӣ шуда, ҳуқуқҳои реалии (Озоди сухан, виҷдон, ташкилот, маҷлис) дар рафти муборизаи пуршиддат бадастовардаи оммаи халқ аз тарафи иртиҷоъ доимо поймол мешаванд.

Идеологҳои буржуазӣ шиори Озодиро ба мақсадҳои про­пагандистӣ васеъ истифода мебаранд. Чунин аст моҳияти шиори «олами озод», таълимотҳои мухталифи технократӣ ва бихевиорестй, ки барои муҳофизати ҷамъияти поймолкунандаи Озодӣ—капитализм исти­фода мешаванд.

Танҳо дар натиҷаи нест намудани муносибатҳои антагонистии байни одамон, ки дар натиҷаи ҳукмронии моликияти хусусӣ ба миён меоянд, шароитҳои объективии Озодии ҳақиқӣ фароҳам меояд. Фаъолияти ҷамъиятии одамон ҳамон вақт эҷодкори ҳақиқатан озод ва бошууронаи таърих буда метавонад, ки агар ҷои про­сессҳои бешууронаи ҷамъиятиро инкшпоф мувофиқи план бигирад.

Дар чамъияти коммунистӣ, навиштааст Ф. Энгелс, «қувваҳои объективии бегонае, ки то ҳол ба таърих ҳукмронй карда меомаданд, зери назорати худи одамон медароянд. Фақат аз ҳамон вақт cap карда одамон таъ­рихи худро худашон комилан бошуурона эҷод кардан мегиранд, фақат ҳамон вақт омилҳои ҷамъиятие, ки аз тарафи одамон ба ҳаракат оварда мешаванд, беш аз пеш оқибатҳоеро ба миён меоваранд, ки дилхоҳи ода­мон бошанд. Ин аз олами зарурат ба олами озодӣ ҷаҳидани инсоният мебошад» (Энгелс Фм Анти-Дю­ринг, Душанбе, 1975, саҳифаи 299).

Дар баробари ин барои ба даст овардани Озодии пурраи фардӣ бояд, ки манфиатҳои дар як шахс ба манфиатҳои ҳамаи аъзоёни дигари ҷамъият мувофиқ бо­шанд. Револютсияи сотсиалистӣ ба Озодии ода­мон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти чамъиятӣ ибтидо гузошт. Озодии маз­кур дар баробари инкишофи босуръати қувваҳои истеҳсолкунанда, револютсияи илмию техникӣ, такомули муносибатҳои ҷамъиятӣ, болоравии маданиятнокии умумӣ меафзояд. Озодӣ дар  ҷамъияти коммунистӣ бо фароҳам овардани ҳамаи шароитҳои зapypии барои инкишофи ҳаматарафаи шахсият мепайвандад. Нигаред низ Озодиҳои демократӣ.

Адабиёт: Маркс Карл и Энгелс Ф.. Немецкая идеология, Сочинения, 2 издание том 3; Энгельс Фридрих, Анти-Дюринг, Душанбе, 1975;

Ленин В. И., Давлат ва револютсия, Асарҳои., ҷилди 25; Программаи КПСС, Душанбе, 1974; Материалҳои съезди 26 КПСС, Душанбе, -1981; Конститутсияи (қонуни асосии) Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ, Душанбе, 1977; Ойэерман Т. И., Марксист­ско-ленинское понимание свободы, Москва,

1967; Балле р Э., Человек и свобода. Москва, 1972.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …