Маълумоти охирин

Ошиқӣ

Ошиқӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум),  ҳофиз, бастакор ва шои­ри асрҳои 16—17 форс-тоҷик. Зодгоҳаш Арзана. Санъати мусиқиро сараввал дар зодгоҳаш омӯхтааст. Ба­рои омӯзиши назарияи мусиқӣ ба Табрез, Исфаҳон, Ҳамадон сафар кардааст.

Оҳангу таронаҳои эҷодкардаи Ошиқӣ дар зодгоҳаш ва берун аз он шӯҳрат дошт. Махсусан, ба мақомҳои «Исфаҳон», «Ҳиҷоз», «Рост нақш», амал, савт, пешравҳо эҷод кардааст. Девони ғазалиёту қасоид низ дорад. Дар Хуросон мадфун аст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …