Маълумоти охирин
Главная / Техника / Ориентасияи аппарати париши кайҳонӣ

Ориентасияи аппарати париши кайҳонӣ

Ориентасияи аппарати париши кайҳонӣ 1) вазъияти кунҷи муайяне, ки ба аппарати париши кайҳонӣ (АПК) нисбат ба ҷирмҳои осмонӣ, хатҳои қуввагии майдонҳои магнитию гравитасионӣ ё … дигар самтҳои аниқи фазо дода меша­вад. Вобаста ба таъиноти АПК ориентасияи он гуногун аст: дар вақти тадқиқоти астрономии Офтоб, Моҳ ё ситораҳо аз борти АПК онро ба ҳамин ҷисмҳои осмонӣ ориентасия бояд кард; радифи маснӯи Замин.

(РМЗ), ки барои алоқа пешбинӣ шудаасту антеннаҳои самтнок дорад, бо антеннаҳояш ба пунктҳои алоқаи заминӣ ориентиронида мешавад; АПК-и бо батареяҳои офтобӣ ҷиҳо- зонидашуда бо сатҳҳои кории батареяҳояш ба Офтоб ориентиронида’ мешавад ва ғайра. Ҳангоми наздикшавии ду АПК баъзан ориентасияи тарафайни онҳо лозим мешавад. 2) Идора кардани ҳаракати кунҷии АПК дар қитъаҳои парвози озод, яъне ба меҳварҳои он додани вазъияти му­айян нисбат ба самтҳои матлуб.

Си­стемами ин вазифаро Иҷрокунанда (системаҳои Ориентасия) дар шароите кор мекунанд, ки моментҳои ангезандаи ба АПК таъсиркунанда ба қиматҳои хурд соҳибанд. Ин бошад дар системаҳои номбурда истифода бурдани як қатор принсипу олотеро имконпазир месозад, ки онҳоро дар дигар системами идоракунии АПК татбиқ кардан номумкин аст. Нигаред низ Идораи ҳаракат

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …