Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Орди алаф

Орди алаф

Орди алаф, хӯроки витамину сафедадори чорвост, ки аз алафи бо роҳи сунъӣ хушконидашуда тайёр мекунанд. Орди алафро дар колхозу совхозҳо истеҳсол менамоянд. Алафи резаро дар агрегатҳо (АВМ-0,65, СБ- 1,5 ва ғайра) хушконида, орд мекашанд ва бо грануляторқо гранулясия (дона-дона) менамоянд. Барои беҳтар нигоҳ доштани каротин (провитамини А) ба Орди алаф антиоксидатҳо (сантохин ва ғайра) ҳамроҳ мекунанд.

Орди алафро дар халтаҳои коғазӣ (крафт-халтаҳо) дар биноҳои хушку торик нигоҳ медоранд. 1 килограмм Орди алафи баландсифат 0,7—0,8 воҳиди хӯрокӣ, 140— 150 г протеини ҳозим, 200—300 миллиграмм каротин, витаминҳои Е, К ва гурӯҳи В дорад. Орди алафро дар парвариши ҳамаи навъҳои ҳайвоноти хоҷагии қишлоқ (бештар дар паррандапарварӣ) чун хӯрокӣ протеин ва витаминдори иловагӣ истифода мебаранд. Орди алафро ба хӯроки омехта илова мекунанд. Дар СССР соли 1970 820 ҳазор тонна ва 1975 зиёда аз 4 миллион тонна, аз он ҷумла дар Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон қариб 9 ҳазор тонна (1977) Орди алаф тай­ёр кардаанд.

Адабиёт: Справочник по кормопроизводст­ву, Москва, 1973.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …