Маълумоти охирин
Главная / Илм / Олами Кабир ва олами Сағир

Олами Кабир ва олами Сағир

Олами Кабир ва олами Сағир, микрокосм ва макро­косм, таълимоти фалсафист, ки Инсону Кайҳонро аз ҷихати сохту таркиб ба ҳам баробар карда, аввалиро заминаи андарёфти охирӣ медонад. Ба маънии васеътар таълимотест оид ба ягонагӣ ё ваҳдати ботинии сағиру кабир, меҳину кеҳин, ҷузву кул.

Ақидал алоқамандии микро ва макрооламҳо дар қаъри хоки ин­теллектуал ин Шарқи кӯҳан реша гирифта буд; вайро дар ину он шакл дар асотиру образҳои динии ҳиндуён, эрониён ва хитоиёни қадим ду­чор кардан мумкин аст. Махсусан дар китоби Авесто, ки аз он анъанаи фалсафӣ ва адабии тоҷику форсҳо оғоз мешавад, нақши равшани ин ғоя намудор аст.

Қавмҳои бостонии эронӣ (аҷдоди тоҷику форсҳо) Инсон ва Коинотро чунон ба ҳам монанд мекарданд, ки дар наза- рашон хулосаи зерин хеле табиӣ менамуд: Коинотро тавассути омӯхтани микродугоники (агар ҳамин тавр гуфтан раво бошад) вай (инсон) таҳқиқ кардан мумкин аст; одам худро ҳамаҷиҳата тахқиқ намуда, дар бораи сохту таркиби Коинот шабеҳан хулосаи мантиқӣ бароварда метавонад.

Афкори асримиёнагии тоҷику форс ин ақидаи қадимаро дар зами­наи нав эҳё намуд. Чунончи, дар расоили фалсафии «Ихвонуссафо», ки дар он мо як навъ нақши ғояи Афлотунро оид ба Инсон ҳамчун зинаи мутавассити байни олами асфали заминӣ ва олами аълои осмонӣ мебинем, шабеҳияти «чаппа» дучор меояд: онҳо мехоҳанд пайдоиш ва сохти ҳастии инсонро мувофиқан ба таърихи ташаккул ва таркиби Коинот таъбир намоянд.

Барои ин Их­вонуссафо устухони одамро ба кӯҳҳо, рагу паи ӯро ба дарёву ҷӯйбор, гӯшту пӯсташро ба Замин, майнаву синаашро ба фалакҳо ва нихоят ҷонашро ба худо шабеҳ медонанд. Сарчашмаи ин ақида низ Авесто буда, тафсири он дар «Бундаҳиш» ном асари паҳлавӣ (асарҳои ба забони паҳлавӣ навишташуда ба ҷараёни афкори Авесто мутааллиқанд) дучор меояд.

Ақидаи мазкур дар таълимоти космологии исмоилия низ омадааст. Пайравони ин равияи афкори исломӣ инсонро як навъ нусхаи майдаи Коинот мепиндоштанд. Чунончи, дар рисолаи «Офоқнома» Одам ва олам ин тавр ба ҳам баробар карда мешаванд: «Дар олам замину осмон аст, дар одам аз ноф боло-осмон, аз ноф поён-замин.

Ва дар олам шаш ҷиҳат аст… Аз ноф боло-офоқ, аз ноф поён — анфус. Дар олам чахор унсур аст, дар вуҷуди одам гӯш- хок, чашм-оташ, бинӣ-бод, даҳон-об. Ва дар осмон хафт ситораи даванда аст, дар тани одам Қамар-дар шуш,. Уторид-дар paг, Зӯҳра-дар гурда, Шамс-дар дил, Миррих-дар талха, Муштарӣ-дар ҷигар, Зуҳал- дар супурз… дар олам дувоздаҳмоҳ аст ва дар бадани одам низ дувоздаҳ аст:           Ҳамал-сар, Савр-гардан, Ҷавзо-дастҳо, Саратон-сипа, Ас адшикам, Сунбула-пушт, Мизон-гурда, Ақраб-закар, Қавс-ронҳо, Ҷадӣ-зону, Далв-соқ, Ҳут-кафи пой».

Дар рисолаи дигари исмоилия «Миръот-ул-муҳаққиқин» дар зимни таъкиди он, ки мардум бояд «асрори олами сифлиро мушоҳида кунанд ва ба афлок раванду ҳақоиқ ва дақоиқи аълоро бинанд» зикр шудааст, ки амсоли ҳар он чӣ, ки дар Ко­инот ҳаст, дар тани одам низ мавҷуд аст ва одам метавонад ба воси- таи худшиносӣ онро дарк намояд.

Ба ҷаҳоншиносии мусулмонӣ дараҷаи баланди азхудкунии олами том хос аст: инсон ба Коинот ҳамчун як чизи оҷизу нотавон муқобил намеистад, балки ба сифати як нус­хаи майдаи он ба кайҳон қаробат дорад. Зотан Коинот мувофиқан ба сохту низоми ҳастии одамизод барпо шудааст ва аз ин ҷиҳат бо вуҷуди манзумаи бузургу боҳашамат воҳиманоку аҷобатангез буданаш одамро «зери по» намекувад;

Дар байни онҳо таносуби мутобиқат барқарор аст; мафҳуми инсонии Коинот ба мафҳуми кайҳонии Инсон мегузарад. Маҳз чунин фаҳмиши му- носибати мутақобили Одаму Олам ба таҳкурсии ақоиди машҳури ирфонии «Инсони комил» гузошта шу­дааст. Бино ба ин таълимоти зотан пантеистӣ, Инсон «кавни ҷомеъ» буда, амсоли тамоми мавҷудот ва маротиби ҳастиро дар бар мегирад.

Аз афташ, маҳз аз ҳамин ҷо то ҳаракати гуманистии Ғарб, ки аз давраи Ренессанси аврупоӣ оғоз меёбад, хати идоматро кашидан мум­кин аст. Масъалаи таносуби олами сағир (микрокосм) ва олами кабир (макрокосм) маҳз дар ин марҳилаи гардиши таърих, вақте ки ба муаммои кӯҳна, вале ҳамеша мубрами Инсон аз сари нав шавқу ҳаваси фалсафӣ афзуд, мавриди андашаву тааммули амиқ қарор гирифт.

Мазмуну мундариҷаи ақидаи Олам ба маънии анъанавии вай — барқарор кардани таносуби «Қисм-Том» дар байни Инсону Кайҳон буд; дар зимни ин олами сағир мабдаи фаъол қаламдод мешуд, ки мисоли Ҷоми Ҷамшед тамоми олами кабирро дар худ акс мекард. Дар тафсири мазкур як маънии хоси гносеологӣ ҳаст: маҳз дар шахси инсон, ки ба таъбири Фридрих Энгелс гули сари сабади материяи мутахаррика аст, табиат ба пояи худшиносӣ мерасад ва ба ин маънӣ ӯро дар ҳақиқат ҳам «оинаи зиндаи Коинот» (Лейбнис) ном додан мумкин аст.

Аз ин ҷиҳат ақидае, ки инсонро олами сағтир эълон мекунад, дар таърихи ақ- лию иҷтимоии одамизод мақоми муайян дошт. Гуфтан кофист, ки ғояи шахсияти озоду мухтор, ки дар таърихи маданияти ҷаҳон нақши равшан гузоштааст, маҳз дар хоки маънавии ҳамин ақида рӯидааст.

Семантикаи фалсафии ақидаи маз­кур фақат аз шабеҳияти Инсону Кайҳон иборат нест. Охирӣ танҳо як ҷузъи ақидаи умумитарест дар боби ягонагии ботинии меҳину кеҳин, хурду калон.

Аз ин рӯ, ақидаи Олам як навъ марказест, ки дар атрофи он «Қисм- Том», «Воҳид-Касир», «Мутаноҳӣ- Номутаноҳӣ» барин хориқаҳои кӯҳнаношудании космологӣ гирд меоянд. Бесабаб нест, ки дар таркиби тасаввуроти илмӣ низ барои мафҳумҳои Олам ҷой ёфт шудааст. Аз ҷумла дар физикаи ҳозиразамон ҳар чи бештар ғояе нуфуз пайдо мекунад, ки ягонагии ботинии зарра (олами сатир) ва Коинот (олами Кабир)-ро талқин менамояд.

Физикаи навии акнун ба тадқиқу тахқиқи чунин савияҳои ташкилоти материя шурӯъ кардааст, ки oн ҷо ҷихатҳои зами­нию кайҳонӣ, микроскопию, макроскапи, мутаноҳию номутаноҳии ҳоди- соти табиат сахт ба ҳам печидаанд. Аз ин ҷост, ки робитаи имконпазири локалиёт (хосиятҳои «маҳаллии» материя дар миқёси олами зарраҳои элементарӣ) ва глобалиёт (‘қонуниятҳои таҳаввули олами галактикаҳо) ба мадди назари физикҳо мебарояд ва ҳамроҳа боиси ислоҳу тасҳеҳи барномаҳои пешинаи ҷустуҷӯи роҳу тариқи ба як назарияи том таркиб кардани асоситарин назарияҳои мавҷудаи физикӣ мегардад.

Бо ибораи дигар, сухан аз синтези мик­рофизика ва космологияи реляти­вистӣ меравад, ки аз замони А. Эйвштейн инҷониб аз муҳимтарин вазифаҳои илми физика ба шумор меравад. Дар байни онҳое, ки ақидаи ягонагии Оламии физикиро тақвият додаанд, М. Борн ва В. Гейзенберг барин бузургони физикаи асри 20 низ буданд. Ҳозир онро М. Гелл-Манн, Ф. Дайсон, Абдуссалом ва М. А. Марков ҳамаҷониба инкишоф медиҳанд

Як ҷиҳати муҳимми фалсафии масъаларо низ алоҳида қайд кардан даркор аст. Вариантҳои физикии ақидаи ваҳдати Олам бо вуҷуди ниҳоди гуногун доштанашон, аз як муқаддамоти муштараки фалсафӣ ибтидо мегирад, ки онро принсипи ятонагии олам ном аст. Маҳз ҳамин прин­сип, ки яке аз рукнҳои асосии фалсафаи диалектикию материалист, роҳнамо ва дастури методологии физикҳои муосир аст.

Ад.абиёт; Турсуно в А., Философские основания космологии. Идея единства микрокосма и макрокосма в истории фи­лософии и современной науке, Москва, 1977; Асимов М. С., Т у р с у н о в А., Со­отношение микрокосма и макрокосма как философская проблема: история и современность,— «Вопросы философии», 1978, № 7.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …