Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Оҷористон

Оҷористон

Оҷористон, Республикаи Автономии Советии Сотсиа­лист ӣ (Ачарис Автономиури Сабчота Социалистури Республика). Дар ҳайати Республикаи Советии Сотсиалистии  Гурҷистон 16 июли 1921 таш- кил шудааст. Масоҳат 3,0 ҳазор километр5. Аҳолиаш 367 ҳазор нафар (1982). Оҷористон 5 район, 2 шаҳр, 6 посёлкаи типи шаҳр дорад. Пойтахташ шаҳри Батуми.

            Сохти давлатӣ. Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Оҷористон давлати сотсиалистии умумихалқӣ буда, конститусиям ҷориаш дар Сесси­яи 9-уми ғайринавбатии Совети Олии. Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Оҷористон 26 май 1978 қабул шу­дааст. Органи олии ҳокимияти дав­латӣ — Совети Олии  Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Оҷористон ва Президиуми он Совети Олии . Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Оҷористон ҳукумат — Совети Вазиронро ташкил мекунад.

Органи ҳокимиятн давлатии маҳалли — Совети депутатҳои халқии шаҳрӣ, районӣ ва қишлоқ. Системаи судӣ: Суди Олии  Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Оҷористон ва судҳои халқии районӣ.

            Табиат. Оҷористон дар қисми ҷануби ғарбии Закавказия ҷой гирифта, онро дар Ғарб баҳри Сиёҳ иҳота кардааст. Соҳилҳо чандон каҷу килеб нестанд. Қисми зиёди территорияи Оҷористонро қаторкӯҳу доманакӯҳи Кавкази Хурд фаро гирифтааст. Қад-қади соҳил давоми пастии Кол­ҳида тӯл кашидааст. Қаторкӯҳи Месхет қисми соҳилии Оҷористонро аз қисми кӯҳиаш ҷудо мекунад.

Иқлими пастии соҳил ва доманакӯҳ мулоим, сернами субтропикӣ, дар кӯҳистон — сернам, мӯътадил ва хунук. Ҳарорати миёнаи январ дар соҳил аз 4 то 6° Селсия, дар кӯҳистон аз 2 то —2? Селсия; июл 20—23° Селсия ва 20— 16° Селсия Дар Оҷористон боронгарӣ бисёр аст. Боришоти солона 2400—2800 миллиметр, дар кӯххои қисми шарқӣ 1400—1800 миллиметр, дар водиҳои дохили Оҷористон 1000—1400 миллиметр. Хунукӣ аз —4°, —6° Селсия паст на- мефурояд.

Дарёҳои Оҷористон ба хавзаи баҳри Сиёҳ мансубанд. Калонтарин дарё Чорох ва шохоби он Оҷорисскали. Хоки пастиҳо аллювиалӣ ва ботлоқӣ, доманакӯҳи минтақаи соҳил — сурххок. Дар кӯҳҳо ва водиҳои дохили Оҷористон хокҳои бури двигалӣ, чимтоли ва чимтолию торфии кӯҳию марғзорӣ дида мешавад. Қариб 50% территорияи Оҷористонро ҷангал фаро гирифтааст. Дар қисми шимоли ғарбии Оҷористон дарахтони паҳнбарг, дар қисми шарқии Оҷористон да­рахтони сӯзанбарг мерӯянд.

Дар пастии соҳил ва доманаи кӯҳҳо зироатҳои субтропик ва техникӣ парвариш карда мешаванд. Дар водии Оҷорисскали майдонҳои растаниҳои бисёрсола воқеанд. Дар баландии 1800 метр буттазорҳо ва аз он баландтар марғзорҳои субалпӣ ва алпӣ ҷой гирифтаанд. Дар ҷангалҳои кӯҳӣ хирс, гуроз, силовсин ва дар доманакӯх шағол ҳаст; дар дарёҳо моҳиҳои голавл, голян, гулмоҳӣ, озодмоҳӣ ва ғайра мавҷуданд. Оҷористон мамнӯъгодҳои Сискарӣ ва Кинтришӣ дорад.

            Аҳолӣ. Асосан гурҷиҳо, инчунин русҳо, арманиҳо, украинҳо, юнониҳо, яҳудиён, абхозҳо ва дигар зиндагонӣ мекунанд. Зичии миёваи аҳоли дар 1 километр* 117″ нафар (1978). Аҳо­лии минтаҷаи соҳил хеле зич мебошад. Шаҳрҳо: Батумӣ, Кобулети.

            Очерки таърихӣ. Оҷористон қисми қадимтарини Гурҷистон буда, таърихи он бо таърихи Гурҷистон бевосита алоқаманд аст. Оҷористон дар сарчашмаҳои гурҷию Византии асри 10 ва аз ин ҳам пештар дар маъҳазҳои арманӣ зикр шудааст. Дар асрҳои 6—4 то милод Оҷористон дар ҳайати подшоҳии Колхида ва баъд дар ҳайати подшоҳии Иберия буд. Дар асри 4 то милод Оҷористон ба давлатӣ гурдиҳо — Лазика ҳамрод карда шуд. Дар асрҳои 11—13 Оҷористон аз тохтутозҳои салҷуқиён ва чингизиён басо зарар дид. Туркия дар ниман дуюми асри 16 қисми ҷануби Оҷористонро то дарёи Чорох забт кард, дар асрҳои 17—18 бошад, феодалҳои турк тамоми территорияи Оҷористонро соҳиб шуданд.

Дар натидаи Ҷанги Россияю Туркия (1877—78) Батуми, Карс, Ардаган ба Россия ҳамроҳ карда шуданд. Оҷористон бо Гурҷистон муттаҳид гардид. Солҳои 80 саноат дар Оҷористон рӯ ба тараққй ниҳод.

Соли 1893 нависандаи инқилобии гурҷӣ Э. Ф. Ниношвили дар Батуми нахустин кружоки коргариро ташкил кард, ки дар заминаи он соли 1896 со- тсиал-демократҳои рус И. И. Лузин ва Г. Я. Франчески аввалин кружо­ки марксистиро таъсис намуданд. Соли 1897 порчаҳо аз «Манифести Парти­яи Коммунистии Карл Маркс ва Фридрих Энгелс ба забони гурҷӣ дар Бату­ми чоп шуд. 9 марти 1902 Комитети РСДРП-и Батуми намоиши калони коргаронро ташкил кард. Дар охири ноябри 1905 дар Батуми шӯришти яроқнок ба амал омад. Шаби 15 апрели 1918 туркҳо Батуми, Ахалсихе, Ардаган, инчунин як қисми Гурияро забт карданд. Аз декабри 1918 то июли 1920 Оҷористон дар тасарруфи қушунҳои англис буд. 11 марти 1921 қӯшунҳои Тур­кия ба Батуми зада даромаданд. 18 марти ҳамон сол меҳаткашони Оҷористон бо роҳбарии Комитети муваққатии револютсионӣ шаҳрро озод карда, Ҳокимияти Советиро барпо наму­данд. Дивизияи кавказӣ 19 марти 1921 Батумиро озод кард. 16 июли 1921 дар ҳайати Республикаи Советии Сотсиалистии  Гурҷистон  Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Оҷористон ташкил ёфт.

Дар солҳои панҷсолаҳои пеш аз ҷанг дар Оҷористон саноати мутараққӣ ва хоҷагии қишлоқи серсоҳа ба вуҷуд омад, бесаводӣ барҳам дода шуд. Дар солҳои баъди ҷанг иқтисодиёт ва маданияти  беш аз пеш тараққӣ карда, ҳаҷми маҳсулоти умумӣ соли 1968 назар ба 1940 2,7 маротиба афзуд. Дар Оҷористон зиёда аз 183 Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ ҳаст. Оҷористон бо орденҳои Ле­нин (1967) ва Дӯстии Халқҳо (1972) мукофотонида шудааст.

            Хоҷагии халқ. Оҷористон ба парвариши зироатҳои ситрусӣ, чой, коркарди нефть, мошинсозии махсус ва ғайра мутобиқ гардонда шудааст. Оҷористон курортҳои зиёде дорад.

Саноати Оҷористон асосан дар солҳои Ҳокимияти Советӣ ба вуҷуд омадааст. Соли 1981 дар 0. 141,1 миллион килоВатт/соат қувваи электр (соли 1940 44 миллион килоВатт/ соат буд) ҳосил карда шуд. Дар Оҷористон заводиди коркарди нефть ҳаст, ки он нефти Республикаи Советии Сотсиалистии Озарбойҷон ва дигар ноҳияҳои ССCP-po софкорӣ мекунад. Оҷористон конҳои мис, полиметаллҳо. гилҳои оташтобовар низ дорад. Мошинсозӣ (истеҳсоли маснуоти электротех­никӣ, таҷҳизоти _ саноати хӯрокворӣ) ва киштисозӣ (Батуми) тараққӣ кардааст. Дар Оҷористон фабрикаҳои чой (Кобулети, Чаква, Очхамури, Хусубани), заводҳои вино (Батуми, Кеда), консерв (Батуми) ва ғайра ҳастанд. Инчунин саноатҳои чарму пойафзол, дӯзандагӣ, чӯбгарӣ (Батуми) ва истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ (Бату­ми, Кобулети, Чаква) тараққӣ кардаанд.

            Хоҷагии қишлоқ. Парвариши зироатҳои ситрусӣ, чой, тунг, бамбук, эвкалипт дар хоҷагии қишлоқи Оҷористон роли калон мебозанд. Боғдорӣ ва чорводорӣ низ тараққӣ кардааст. Соли 1979 дар Оҷористон 165 колхоз ва 20 совхоз буд. Зироати ситру­сӣ асосан дар минтақаи доманакӯҳу баландиҳо парвариш карда мешавад. Чойро асосан дар минтақаи соҳили баҳр парвариш мекунанд. Боғдорию токпарварӣ дар тамоми рай­онҳои Оҷористон тараққй кардааст. Дар ноҳияҳои дохилии Оҷористон тамоку, дар минтақаи соҳили баҳр сабзавот, дар районҳои кӯҳӣ бошад картошка мекоранд.

Соли 1979 дар Оҷористон  (ба ҳисоби ҳазор cap) 115,6 гов, 15,9 бузу гӯсфанд, 6,1 хук буд. Аз баҳри Сиёҳ моҳӣ сайд мекунанд.

            Нақлиёт. Аз соҳили Оҷористон роҳи оҳани электронидашудаи Самтредиа — Ба­туми, роҳи мошингарди Батуми — Хуло — Ахалсихе мегузарад. Батуми бандари калонтарини баҳрии Оҷористон аст. Аз Очористон маҳсулоти нефт, мошин, таҷҳизоти саноати хӯрокворӣ, кофеин, ҷой, равғани тунг, консерв, тамоку ва ғайра бароварда, ба Оҷористон гандум, гӯшт, маҳсулоти ширӣ, қанд, биринҷ, кар­тошка, сабзавот ва ғайра меоранд.

            Нигаҳдории тандурустӣ. Дар Оҷористони тореволютсионӣ ҳамагӣ 9 духтур ва 1 касалхона буд. Соли 1979 дар Оҷористон 1027 духтур, зиёда аз 3 ҳазор корманди до­рои маълумоти миёнаи тиббӣ, 52 касалхона (дорои 3,6 ҳазор кат.), 87 муассисаи табобатӣ, 126 муассисаи ёрии тиббӣ буд. Курортҳои соҳили баҳр: Батуми, Кобулети, Сихисдзири, Димоғаи Сабз, Махинҷаури.

            Маориф ва муассисаҳои маданӣ- маърифатӣ. То Револютсияи Кабири Сотсиалистии Ок­тябр ҳамагӣ 7%’ аҳолӣ савод дошт. Соли таҳсили 1921/22 дар Оҷористон фақат 38 мактаби ибтидоӣ буду бас. Дар солҳои Ҳокимияти Советӣ дар Оҷористон таълими умумии ҳатмӣ ҷорӣ карда шуд. Соли 1978 дар 110 муассисаи томактабӣ зиёда аз 75,4 ҳаор кӯдак тарбия меёфт. Солҳои таҳсили 1981/82 дар мактабҳои таълими умумӣ 77,4 ҳазор, дар омӯзишгоҳҳои касбҳои техникӣ 2,7 ҳазор, дар мактабҳои миёнаи махсус 3,3 ҳазор талаба, дар мак- табҳои олӣ 2,1 ҳазор студент мехонд.

Дар Батуми 2 музей— Музеи давлатии Оҷористон ва Музеи давлатии револютсия (.1979), 228 китобхонаи оммавӣ, театри давлатӣ, Хонаи эҷодиёти халқ, 186 клуб, 176 дастгоҳи кино ҳаст.

            Муассисаҳои илмӣ. Дар Оҷористон 11 муассисаи илмӣ ҳаст (1968): Институти тадқиқоти илмии батумии Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистии  Гурҷистон, филиалҳои Институти тадқиқоти илмии умумииттифоқии фитопатоло­гия (Кобулети), Институти умумииттифоқии чой ва зироати субтропикӣ (Чаква), Институти тадқиқоти илмии са­ноати хӯроквории Гурҷистон, Институти тадқиқоти илмии саноати локу ранг (Батуми), Боғи ботаникии батумии Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистии  Гурҷистон ва ғайра.

Соли 1982 дар мактабҳои олӣ ва институти тадқиқоти илмии Оҷористон 388 корманди илмӣ, аз он ҷумла 14 доктор ва 145 номзади илм кор мекард.

            Матбуот радио ва телевизион. Дар Оҷористон 2 газетаи республикавӣ «Сабчо Аджара» («Оҷористони Советӣ, аз соли 1921, ба забони гурҷӣ) ва «Советская Аджария» (аз соли 1921, ба забони русӣ), инчунин журнали адабӣ-бадеӣ ва ҷамъиятӣ-сиёсии «Литературули Ад­жара» («Оҷористони адабӣ», аз соли 1958, ба забони гурҷӣ) нашр мешаванд.

Радиои республикавӣ барномаҳоро ба забони гурҷӣ ва русӣ мешунаво- над. Программаи телевизиони Тбили­си ва Москва намоиш дода, барномаҳои радиои марказӣ шунавонида мешаванд.

            Адабиёт. Адабиёти Оҷористон як чузъи адабиёти гурҷист. Соли 1927 шуъбаи оҷории Ассосиасияи нависандагони Гурҷистон ташкил ёфт. Адибон М. Варшанидзе, Н. Гваришвили, 3. Горгиладзе, Д. Ҷакели, П. Лория, II. Ма- лазония, И. Пагава, Ш. Рруа, Г. Салуквадзе, А. Самсония, Ф. Халваши, А. Чхаидзе, А. Шервашидзе ва дигар дар тараққиёти адабиёти советии гурҷӣ саҳми калон гузоштаанд.

            Меъморӣ ва санъати тасвирӣ. Дар Оҷористон ёдгориҳои меъмории давраи тофеодалӣ (қалъаи Гониа), димнаи шаҳр — қалъаи юнонии Пётр (бун- ёдаш асри 6), харобаи ҳаммомҳо (дар Сихисдаири) боқӣ мондаанд. Қалъаи мазкур ва пулҳои якравоқаи Махо, Махунсети, Дандало, Пуртио ва ғайра ба давраи подшоҳони гурҷӣ (асрҳои 10—13) мансубанд. Охири асри 19 ва ибтидои асри 20 дар Оҷористон бинокорӣ авҷгирифт. Дар Батумӣ ва атрофи он ҳавлию хонаҳои истиқоматӣ бо услуби эк­лектика сохта мешуданд.

Дар солҳои Ҳокимияти Советӣ дар Батуми ва шаҳрҳои курортӣ (Кобу- лети, Махинҷаури, Сихисдзири ва ғайра) бинокорӣ хеле вусъат ёфт. Дар Батуми мехмонхонаи «Интурист» (1939, меъмор А. В. Шусев), Театри тобисто на (1948, меъморон К. И. Ҷавахшивили, Б. М. Киракосян), Теат­ри драма (1952, меъмор Л. С. Теплиский), Музеи револютсия (1955,меъмор К. И. Ҷавахишвили), киноте­атра «Тбилиси» (1964, меъмор Н. Абашидзе) сохта шуданд.

            Санъати тасвирӣ дар Оҷористон асри 20 ва баъди барқарор шудани Ҳокимияти Советӣ (1921) ҳаматарафа инкишоф ёфт. Дар мавзӯи таърихии револю­тсионӣ (III. Г. Холуашвили, Н. Н. Яковенко) асарҳои барҷаста эҷод шуда, инчунин расмҳои манзаравӣ (С. Н. Артмеладзе, Ш. А. Замтарадзе, X. Д. Иваишвили), портретҳо (Ш. Г. Холуашвили) ба вуҷуд омадаанд. Ҳайкалтарошӣ (Т. П. Чантуриа, М. А. Болквадае), графика _ (Г. А. Сеченян, Д. X. Имнаишвили, В. О. Сеидишвили), санъати театрию ороишӣ (Д. X. Имнаишвили, А. М. Филиппов), санъати монументалӣ-ороишӣ (Т. М. Ҷалагания), санъати ороишӣ-амалӣ (Ш. И. Квернадае, О. Чачуа) низ ривоҷ ёфтанд. Халқи Оҷористон аз замонҳои қадим бо кандакорию кашидадӯзӣ машғул аст.

            Мусиқӣ. Суруди халқии оҷорӣ яке аз шеваҳои сершумори мусиқии хал- қии гурдҷӣ мебошад ва бисёровозаву мураккабсохт буда, аз 3—4 қисм иборат аст. Махсусан сурудхои васфи меҳнат “надури”-и чоровоза маъмул аст, ки онро ҳангоми киштукор хори мардон (8—12 нафар) иҷро мекунад. Асбобҳои мусиқии халқӣ: чибони, чонгури (сетор), доли (нақора), чинаури, саламури, саз, камонча. Дар Батуми ансамбли давлатии суруд ва радио ба номи М. Кухинидзе, филармония, мактаби мусиқӣ ҳаст.

            Театр. Соли 1937 дар Батуми театри ба номи И. Чавчавадзе кушода шуд.

Ин театр чунин асарҳои барҷаста: «Уриэль Акоста»-и К. Гупков (1941), «Рондашуда»-и В. Пшавела (1945), «Киквидзе»-и В. А. Дарасели (1951), «Васса Железнова»-и М. Горкий (1953), «Гамлет» (1956) ва «Отел­ло» (1959) У. Шекспирро бомуваффақият ба саҳна гузоштааст. Соли 1978 асари В. Шамба «Ӯ, хонум ва Мо­сарт» ба саҳна гузошта шуд.

П (пэ), ҳарфи ҳабдаҳуми алифбои ҳозираи тоҷикист, ки аз алифбои ру- cӣ гирифта шуда (1940), овози ҳам­садои лабулабии зичи беҷарангро ифода мекунад ва шакли навишти чопиаш Пп, дастнависаш мебошад. Дар алифбои арабвиасоси тоҷи­кӣ (то 1930) пе ном дошта, ба шак­ли        ифода мешуд. Дар алифбои ло­тиниасоси тоҷикӣ (1930—40) шакли чопиаш Рр ва дастнависаш буд. Ҳамсадои П дар баъзе калимаҳо ба ф гузаштааст (гӯспанд — гӯсфанд); гоҳо ба б мегузарад (асп—асб). Дар забони гуфтугӯӣ баъзан ба ҷои хам­садои дигар пайдо мешавад (ресмон— респон).

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …