Маълумоти охирин
Главная / Биология / Оҳуи ҒУРМ

Оҳуи ҒУРМ

ҒУРМ, ғарм, мешан, оҳу (Ovis orientalis vignei), як навъ ҳайвони ҷуфтсуми ваҳширо гуянд. Ғ. бештар ба муфлон монанд аст. Ғ. ҳайвони миёнҷусса мебошад; дарозии бадани Ғ.-и болиғ (наринааш) 130 см (шохаш то 98 см), вазнаш 47— 50 кг. Модинаи Ғ. шохи нисбатан кутаҳ дорад. Пашмаш дорчинии зардтоб. Ҳоло дар тамоми Тоҷикистон 5—10 ҳаз. cap Ғ. мондааст. Ғ. асосан дар қ-куҳҳои пасти ҷан. ғарби Тоҷикистон дар қ-куҳҳои Аридтог, Рангон, Вахш, Панҷ, Қаротоғ, Тераклитор, Оқтог зиндагӣ мекунанад.

ohu

Ғ. гала-гала туда мегардад. Дар давраи ҷуфтшавӣ (нояб. — дек.) дар ҳар як гала одатан 8—12 Ғ.-и мода мешавад. Дар моҳҳои апр.— май Ғ.-ҳо (аксар яктоӣ ва 30—40-фоизашон дутоӣ) бача мезоянд.

Гург ва шерпаланг душмани асосии Ғ. мебошанд. Оҳубарраи навзодашро рубоҳ ва паррандаҳои калони соҳибчангол низ мехуранд. Аз қадим шикори Ғ. анъана будааст. Фирдавсӣ гуфтааст:

Яке гурми бирьёну нон аз бараш,

Намакдону речор гирд-андараш.

Ғ. ҳамчун ҳайвони нодир ба «Китоби сурх»-и СССР ва «Китоби сурхи РСС Тоҷикистон» дохил шудааст.

Ад.: Сапожников Г. Н. Дикие бараны (род Ovis) Таджикистана, Д., 1976.Г. Н. Сапожников.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …