Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Огаҳии Xуросонӣ

Огаҳии Xуросонӣ

Огаҳии Xуросонӣ Мавлоно Ҷамолуддин Муҳаммад (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири форс- тоҷик. Дар чоряки охири асри 15 дар Ҳирот ба дунё омада, то нимаи аввали асри 16 умр ба cap бурдааст. Пас аз таҳсили расмӣ Огаҳии Xуросонӣ дар назди яке аз писарони Ҳусайн Бойқаро — Шоҳғариб хизмат кардааст.

Огаҳии Xуросонӣ ба қавли Восифӣ, «дар асноди шеър ва соири фазоил беназир буд». Аз ме­роси адабии Огаҳии Хуросонӣ  алҳол зиёдтар аз 60 байт ашъори пароканда ба даст омадааст. Ҷиҳати ҷолиби диққати осори боқимондаи Огаҳии Xуросонӣ дар он аст, ки ӯ бо як ҷасорати фавқулъодаи адабӣ нуқсону беназмиҳо, беадолагии фармонфармоёни даврро беибо танқид кардааст.

Дар замони Шоҳғариб аз ҳад гузаштани зулму тааддиро мушоҳида намуда, аз ин хусус ба шайхи замон Абусаиди Пӯронӣ номае навиштааст. Шоҳғариб фар­мон додааст, ки шоирро «бар сари Чорсӯ пора-пора созанд ва ӯро бисӯзонанд ва хокистари ӯро ба бод диҳанд». Вале баъдтар Шоҳғариб бо маслиҳати ёрон ин фармонашро бекор карда, шоирро аз дарбори худ дур мекунад.

Дар чанде аз шеърҳояш талаву тороҷ, зулму бедодгарии ҳокимони Шайбонӣ, зиддиятҳои байниякдигарии шиаву сунниро, ки баъди аз тарафи шоҳ Исмоили Сафавӣ забт гардидани Ҳирот cap задаанд, ҳаҷву мазаммат кардааст. Огаҳии Xуросонӣ  дар пайравии қасидаи «Дарёи аброр»-и Хусрави Деҳлавӣ қасидае гуфта, дар он амалиёти золимонаи ҳокими Ҳирот Муинуддини Миколро сахт танқид мекунад:

Арсая шаҳри Ҳарй рашки сипеҳри _  ахзар  аст,

Даргаҳашро шамсаи хуршед гулмехи зар аст…

Чархи каҷрав бин, ки аз таъсири ӯ шаҳре чунин

Маскани ҷамъе парешонрӯзгори абтар аст.

Бар Муин бин аз нишонҳои наҷосат сад хазор,

3-ахтари бад обила бар рӯи он бадахтар аст.

Рӯи зишташ аа касофат матбахи Намрӯдро

Кӯҳна кафгир аст, лекин лоиқи хокистар аст.

Муаллифони маъхазҳои адабиву таърихӣ — Фахрии Ҳиравӣ, Хонда- мир, Соммирзои Сафавӣ ин асарро “қасидаи шаҳрошӯб” номидаанд. Ҳокими Ҳирот аз ин қасида ба ғазаб омада, фармон додааст, ки забони шоирро бибуранд. Пас аз ин воқеаи мудҳиш ҳам Огаҳии Xуросонӣ  чандо дар қайди ҳаёт буда, дар ашъори худ аз танқиди адли зулм худдорӣ накардааст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …