Маълумоти охирин

Офтобиҳо

Офтобиҳо 1) Zeifortes, як қатори моҳиҳоеро гӯянд, ки ба хормоҳи- шаклҳо монанданд. Қариб 50 наму­дашон дар соҳилҳои баҳрҳои гарми тропикӣ паҳн шудаанд. Яке аз намояндаҳои Офтобиҳо Zeus faber (нигаред расм) аст, ки то 20—30 сантиметр (баъзан то 50 сантиметр)            мешавад. Офтобиҳо асосан дар қисми шарқии уқёнуси Атлантика ва баҳри Миёназамин зиндагӣ мекунанд. Баъзан дар обҳои СССР (дар баҳри Сиёҳ) дида мешаванд. Онҳо ҳайвони дарранда буда, асосан шӯрмоҳӣ ва сардинаро мехӯранд.

2) Ueliozoa, як зерсинфи хайвонҳои якҳуҷайрагиест, ки ба синфи саркодовиҳо мансубанд. Танашон одатан курашакл аст. Онҳо ба воситаи псевдоподияҳо (лойҳои қалбакӣ) ҳаракат мекунанд. Аксарияташон ҳайвонҳои обҳои ширин ё организмҳои планктонии баҳрӣ ба шу­мор мераванд. Андозаашон 150—200 мкм.

Адабиёт: Николюк В. Ф., Гельцер Ю. Г., Почвенные простейшие СССР, Ташкент, 1972.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …