Маълумоти охирин

Обсанҷ

Обсанҷ, (водомер) пункти о б с а н ҷ ӣ, асбобест барои муттасил чен карда­ни сатҳи оби дарё, баҳр, кӯл, ка­нал ва ғайра. Аз асбоб барои ҳисобу китоб кардани сатҳи об ва реперҳо (иншооти геодезиест, ки мавқеи нуқтаи баландиаш муайянро маҳкам медорад) иборат аст.

Обсанҷи д а р  ё ӣ бо рейкаи дараҷаноки чӯбин ё оҳанини ба иншоот (пул, дарғот ва ғайра) вертикали мустаҳкамкардашуда таҷҳизонида шудааст. Обсанҷи сутунӣ бошад ба сутуни амудӣ ба соҳил задашуда маҳкам карда шудааст. Агар ба рейка наздик шудан душвор бошад (маесалан, соҳили нишеби рост).

Обсанҷи маълумотдеҳ мегузоранд, ки барои дар масофаи му­айян ҳисоб гузаронидан имконият медиҳад. Асбобҳои худнавис, барои пайваста навиштанд тағйири сатҳи об хизмат мекунанд. Обсанҷи дистансионӣ бо системаҳои механикӣ, электрӣ, радио ва ғайра таҷҳизонида шудааст, ки нишондоди сатҳи обро ба ҷои ҳисобот мефиристад. Кори Обсанҷро дар шаборӯз дар вақти муайян назорат мекунанд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …