Маълумоти охирин
Главная / Илм / Нуқси дил

Нуқси дил

Нуқси дил тағйироти патоло­гии сохти дил, ки боиси вайрон шу­дани функсияи он мегардад. Нуқси дил дар натиҷаи инкишофи нодурусти модарзодӣ (Нуқси дили модарзодӣ) ва баъди таваллуд cap задани бемориҳои дил (Нуқси дили ғайримодарзодӣ) пайдо мешавад.

Нуқси дили модарзодӣ (тағйир ёфтани шакли клапанҳои дил, нуқсони рагҳои калон ё девораи байни қисмҳои дил) ҳангоми инкишофи дохилибатнии ҷанин дар натиҷаи заҳролудшавӣ ва баъзе бемориҳои организми модар (масалан, сурхакон), таъсири шуоҳои ионизонанда ё ҳангомн гипоксияи музмини ҷанин рӯй медиҳад. Як қисми Нуқси дили модарзодӣ бемории ирсӣ мебо­шад Сабабҳои асосии ба вучуд омадани Нуқси дили ғайри модарзодӣ, ревмокардит, уфунат, сифилис, ате­росклероз, ҷароҳат ва ғайра мебошанд. Вайрон шудани сохти клапанҳои дил  ҳангоми Нуқси дили ғайримодарзодӣ бо­иси ихтилоли гемодинамика (гардиши хун дар рагҳо) мегардад. Ба Нуқси дил одатан ҷавонону миёнсолон бештар гирифтор мешаванд.

Нуқси дил компенсатсияшуда (муътадилгашта) ва компенсатсиянашуда (муътадилнагашта) мешавад Дар вақти Нуқси дили компенсатсияшуда дил ба шароитҳои нави кор мувофиқ буда, кори вазнинро иҷро карда метавонад, бинобар ин аломатҳои беморӣ зоҳир намегарданд. Ҳангоми Нуқси дили компенсатсия­нашуда дар қисмҳои дил хун шах мешавад ва ин ҳолат минбаъд ба тамоми организм (узву бофтаҳо ва сатҳи бадан) паҳн мешавад Дар натиҷа ранги пӯсти бадан кабудтобу (сианоз) нафаскашӣ душвор мегар­дад сатҳи бадан вараму дил бозӣ мекунад ва фаъолиятп кориаш суст мешавад.

М у о л и ч а: ҳангомн Нуқси дили ком­пенсатсияшуда бистарӣ кардани бемор, парҳез, истеъмоли витаминҳо, доруҳои дил ва пешоброн, инчунин ҷарроҳӣ; ҳангоми Нуқси дили компенса­тсиянашуда бошад курорт, истеъмо­ли василаҳои муқаввӣ.

П е ш г и р й: обутоб додани орга­низм, варзиши шифоӣ, режими мунтазами меҳнату истироҳат ва ғайра.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …