Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Нуайма Михаил

Нуайма Михаил

Нуайма Михаил ибни Юсуф (таваллудаш 22. 11. 1889, Бискинтта, Лубнон), адиб ва мунаққиди араб (Лубнон). Аз оилаи насронии камбағал. Дар мактаби Ҷамъияти императории русию фаластинӣ, Дорулмуаллимини Носира, Семинарияи рӯҳонии Полта­ва (1906—1911) хондааст. Забон ва адабиёти русро хуб медонад. Соли 1911 бо бародараш ба ШМА рафт. Соли 1916 Университети Вашингтонро бо унвови бака­лавра ҳуқуқ ва санъат хатм кард.

Ба ҷдамъияти «Ар-робитат-ул-қаламия», ки соли 1920 дар Ню-Йорк ташкил ёфта буд ва адибони муҳоҷири арабро муттаҳид мекард, ҳамроҳ шуд. Соли 1932 Нуайма ба ватаваш баргашт. Нуайма солҳои 1957 ва 1962 ба Иттифоқи Советӣ омадааст. Романи «Ёддоштҳои Аркаш» (1917), песаи «Падарон ва писарон» (1918), маҷмӯан мақолаҳои «Ғирбол» (1929), китоби «Ҷуброн Халил Ҷуброн» (1934), асари сегонаи тарҷумаиҳолии «70 сол» (I960) дар эҷодиёти Нуайма мавқеи калон доранд. Маҷмӯаи ҳикояҳои Нуайма бо номи «Безурёт» (1965) ба забони тоҷикӣ ба табъ расидааст.

Ос.: Мои семьдесят лет, М.. 1081.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …