Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Нодир Муллодӯсти Бойсунӣ

Нодир Муллодӯсти Бойсунӣ

Нодир Муллодӯсти Бойсунӣ (соли таваллудаш номаълум — вафоташ 1923), шои­ри тоҷик. Пас аз хатми Мадраса бо корҳои давлатии аморати Бухоро шуғл варзидааст. Вай мударрис, муфтӣ, инчунин дар шаҳри Қаршӣ қозӣ буд. Тазкиравависон, аз ҷумла Мирзо Салимбек (қисмати илҳоқии «Тазкират-уш-шуаро»-и Возед) назму насри Нодирро бо калимаву иборати тумтарок таърифу тавсиф намуда, онҳоро намунаи тозамазмунӣ ва рангинхаёлӣ ба қалам медиҳанд. Ҳеч гу­на ишора ба девони Нодир вуҷуд надорад. Ашъораш дар тазкираву баёзҳои асрҳои 19—20 ба назар мерасанд. Аксари ғазалҳои Нодир дар мавзӯи ишқӣ суруда шудаанд. Матлаи як ғазали ӯ ин аст:

Рафтиву ёди рӯи ту аз ёди ман нарафт.

Шавқи васлат аз дили ношоди ман нарафт.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …