Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Низории Қаҳистонӣ

Низории Қаҳистонӣ

Низории Қаҳистонӣ Саъдуддин ибни Шамсуддин ибни Муҳаммад (1247, Бирҷанди Қаҳистон— 1320, ҳамон ҷо), шоири форс-тоҷик. Пас аз хатми Мад­раса ба хидмати маъмурии фармондори Қаҳистон даромада, борҳо ба Хуросон, Рай, Сиистон ва Қаҳистон сафар мекунад, шаҳру деҳот ва мардуми аз асорати муғул ба дод омадаро мебинад. Ин ҳама дар эҷодиёти Низории Қаҳистонӣ нақши муайян гузоштааст. Дар ғалалу рубоӣ ва китъаҳои шоир аз нобаробариҳои иҷтимоӣ, вазъи ногувори зиндагӣ, тӯҳмату хиёнатҳои аҳли дарбор шикоятҳои пурсӯзе дида мешавад.

Ду нусхаи дастнависи девон ва ду нусхаи мукаммали куллиёти осори Низории Қаҳистонӣ то замони мо боқӣ мондааст, ки 81 қасида, 150 ғазал, 268 рубоӣ, 24 таркиббааду тарҷеъбанд, 7 маснавиро дарбар мегиранд. Қасидаҳои Низории Қаҳистонӣ, ба­рои фаҳмидани воқеаҳои муҳимми таърихии замони шоир ва лаҳзаҳои гуногуни зиндагии ӯ аҳамият доранд. Низории Қаҳистон дар ғазалу рубоиёташ фиреби рӯҳониёнро ошкор сохта, зиндадилӣ ва ҳаётдӯстиро тарғиб намудааст. Дар маснавиҳои «Адабнома» (1296), «Мазҳару Азҳар» (1300, дар пайравии «Хисравнома»-и Аттор), «Дастурнома» (1310), «Сафарнома» ва ғайра ақидаҳои ахлоқӣ ва иҷтимоии Низории Қаҳистонӣ ифода ёфтаанд.

Ад.: Б а й б у р д и Ч. Г., Жизнь и творчество Ни зари, М., 1966; Рипка Ян, История персидской и таджикской литературы, М., 1970.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …