Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Низомуддини Домод

Низомуддини Домод

Низомуддини Домод Зайнуддин Маҳмуд (соли таваллудаш номаълум—вафоташ 1528), хаттоти форс-тоҷик. Домод ва шогирди Мавлоно Султоналии Машҳадӣ. Зодгоҳаш Нишопур. Аз намунаи осори ӯ китобати «Куллиёт»-и Мир Суҳайлӣ боқист (китобатро Султоналии Машҳадӣ шурӯъ карда, вале нотамом монд). Низомуддини Домод онро бо хати хеле олӣ ба итмом расонид. Зарҳалкории «Куллиёт» низ амали ӯст.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …